Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 April 2014

28 апрели соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама маротибаи дигар масъалаи ҳолати нигаҳдошту коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр ва ҷӯйборҳои атрофи роҳҳои автомобилгард ва ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо бо дарназардошти  идомаёбии мавсими боришот ва пешгирӣ аз оқибатҳои боронҳои сел мавриди таваҷҷуҳи хосаи шаҳрдорӣ қарор гирифт. 

Дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкидан раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ ва Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанберо, ки дар иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 97 аз 3 апрели соли 2014 «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир ва пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими боронгариҳо ва пешгирии рух додани селу обхезиҳо» масъулияти шахсӣ доранд, бори дигар ҳушдор дод, ки бо ҷалби тамоми потенсиали мавҷуда коршоямии иншооти марбутаи хизматрасонро дар мавсим ва берун аз он таъмин сохта, дар ҳамоҳангӣ баҳри тақвияти фаъолияти ситодҳои амалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. 

Зимнан, Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе”-ро вазифадор сохт, ки ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳо бунёди ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ ва селпартоҳоро бо инобати иқтидори  ѓунҷоиши максималии селгузаронӣ тарҳрезӣ намояд.

Инчунин дар ҷаласа, дар радифи баррасии вусъати тадбирҳо бобати амалисозии барномаҳои тасдиқгардидаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба тавсеаи иқдомоти шаҳрдорӣ дар ҷодаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовор аз  Рӯзи Ваҳдат, 23 - солагии соҳибистиқлолии кишвар, 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ ва дигар чорабиниҳои азими дарпешистода нигаронида, баҳри фароҳам овардани имконият ва шароит дар татбиқи потенсиали созандаи мутахассисони касбию нерӯманд ва фарогирии минбаъдаи онҳо ба хизмати давлатию  таъмини иштирокашон дар барномарезиҳои фаъолияти шаҳрдорӣ, ба хусус мақомоти намоядагию иҷроияи он,  шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанберо вазифадор намуд, ки  тавассути эълон дар воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ бо дарёфти хоҳишмандон, на дертар аз 20 майи соли 2014 феҳристи номзадҳои арзандаро ташкил дода, ба баррасии Раиси шаҳр манзур созад.

Дар ҷаласа инчунин дигар масъалаҳои хоҷагидории шаҳр, аз қабили назорати сифати  молҳои истеъмолӣ, бахусус коркарди маҳсулоти ширӣ,  оби нӯшокӣ баҳри таъмини амнияти истеъмолии сокинон, вазъи санитарию экологӣ, таъмир ва нигаҳдошти роҳҳо, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ҳолати татбиқи барномаҳои сохтмонӣ, истифодаи таъинотии моликияти коммуналӣ, иҷроиши буҷету ҷамъоварии андоз  ва омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи Ваҳдат аз ҷониби шаҳрдорӣ матраҳ гардида, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид.