Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 May 2014

Сокинони пойтахт ва шаҳрдории он ҳамеша дар татбиқи  сиёсати иҷтимоии Раҳбари давлат пешсафанд. Дар ин росто чун узви ҷомеаи ягонаи тоҷикон дар шодию ғамшарикӣ ва дасти кӯмак расонидан ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар манотиқи мухталифи кишвар ҳамеша намунаи ибратанд.

         Бо таассуф ҳамагон воқифанд, ки бар асари зилзилаи рӯзи 10-11 ноябри соли 2013 дар Ҷамоати деҳоти «Карим Исмоилов»-и шаҳри Ваҳдат рухдода даҳҳо оилаҳо бесарпаноҳ монданд.

Барои мусоидат ба рафъи оқибатҳои зилзила дар ҷамоати мазкур ва иҷрои протоколи ҷаласаи марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ибтикори шаҳрдории Душанбе аз ҳисоби 10 субъектҳои хоҷагидории шаҳр тариқи ройгон 10 хона-котеджҳои якошёнаи замонавӣ, ки ҳар кадоме аз чор ҳуҷра бо  масоҳати умумии 110 м 2  иборатанд дар муҳлатҳои кутоҳтарин сохта, имрӯз ба истифода дода шуданд.  Арзиши ҳар як хона 216 ҳазор сомонӣ буда, маҷмуан 2 млн. 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар иртибот ба амалисозии ин лоиҳаи башардӯстӣ Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба ширкатҳои соҳибташаббуси шаҳр - Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Сохтмони махсус», «Хонасоз-4», «Ниёз», «Строител Лтд», «Бунёдкор Шодӣ», « ЖБК-1», «Мостоотряд», «Сарикиштӣ», «Хуршеди тобон»  ва «Хоҷаи Шом» изҳори сипос менамояд.