«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 May 2014

7 майи соли 2014 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, субъектҳои хоҷагидорӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа, дар радифи баррасии вусъати тадбирҳо бобати амалисозии барномаҳои тасдиқгардидаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи иқдомоти шаҳрдорӣ дар ҷодаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовор аз  Рӯзи Ваҳдат, 23 - солагии соҳибистиқлолии кишвар, 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ ва дигар чорабиниҳои марбута нигаронида, баҳри тақвияти омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе, афзудани дастовардҳои меҳнатию озодагӣ ва ободии ҳар як хонадон ва маҳаллаву шаҳрак дастур фармуд, ки шуруъ аз 14 май то 31 августи  соли ҷорӣ ҳар чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа рӯзҳои шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳо баргузор карда шаванд.

Дар ин росто, назорати ҳадафманд доир намудани рӯзҳои шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳо ба зиммаи раисони комиссияҳои доимии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, мутаносибан дар ноҳияи Сино ба А. Ҳабибов ва А. Абдурасулов, ноҳияи Фирдавсӣ - А.Самадов ва Г. Шарипова, ноҳияи И. Сомонӣ – З. Шарипов ва С. Сафиаллоев ва ноҳияи Шоҳмансур ба зиммаи А. Рауфӣ ва С.Шарипов  вогузор карда шуд.

Дар ҷаласа инчунин дигар масъалаҳои хоҷагидории шаҳр, аз қабили назорати сифати  оби нӯшокӣ баҳри таъмини амнияти истеъмолии сокинон, вазъи санитарию экологӣ, таъмир ва нигаҳдошти роҳҳо, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ҳолати татбиқи барномаҳои сохтмонӣ, истифодаи таъинотии моликияти коммуналӣ, иҷроиши буҷету ҷамъоварии андоз  матраҳ гардида, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид.

Нисбати ғановати бозори истеъмолии шаҳр ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, директорони бозорҳои коммуналӣ ва раисони ноҳияҳоро бобати ҳамкориҳо бо роҳбарони бозорҳои хусусӣ вазифадор намуд, ки  баҳри коҳиш додани болоравии нарх дар бозори истеъмолӣ хариду интиқоли маҳсулоти кишоварзии баҳориро аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои вилояти Хатлон ва тобеи марказ ба бозорҳои зертавозун вусъат бахшанд.

Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа  аҳли ҳузорро ба ифтихори 69-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 самимона табрик карда, аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки нисбати иштирокчиён ва маъюбони ин ҷанги хонумонсӯз пайваста ғамхориҳо зоҳир намуда, эҳтироми хосаи ҳар кадоме аз онҳоро то лаҳзаҳои охирин ба ҷо оранд.

Зимнан муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки бо аёдати шахсӣ дар давоми рӯз ба 116 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Душанбе 900 сомонӣ кӯмаки молиявии шаҳрдориро дастрас намоянд.

Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт ва дар доираи салоҳияти шаҳрдор муроҷиати ҳар кадоме баррасию қонеъ  карда шуданд.