Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 May 2010

24 майи соли 2010  дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасиии масоили мубрами хоҷагидории пойтахт таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Қабл аз ҳама масоили  таъмини ғановати бозори истеъмолӣ  бо анвои маводи хӯрокаву ниёзи мардум ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати рафъи фаъолияти монополистӣ дар бозорҳои шаҳр ва тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ба молистеҳсолкунандагон дар бозорҳо баҳри паст кардани арзиши маҳсулот ва дастрасии сокинон ба он  дастур гардид, ки комиссияи  махсуси ҷамъиятии аз ҳисоби вакилон ва сохторҳои марбута созмонёфта ҳолати мавҷудаи бозорҳои шаҳриро мавриди санҷиш карор диҳад.

Дар ин зимн бо  дахли масъалаҳои истифодабарии моликияти коммуналӣ дар ҳудуди бозорҳои шаҳрӣ  муқаррар гашт, ки дар доираи қонунгузории амалкунанда ҷиҳати ба тавозуни моликияти коммуналӣ баргардонидани иншооти ғайриқонунӣ хусусигарднидашудаи коммуналӣ  то 1 июли соли 2010 аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ тадбирҳои амалӣ анҷом дода шавад.

Инчунин дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо таваҷҷӯҳ ба масоили баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар бахши сохтмон ва ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди манзилҳои индивидуалӣ муқаррар сохт, ки фаъолияти системаи мавҷудаи «Равзанаи ягона»-ро тақвият бахшида, ҷиҳати тезонидани ҳаллу фасли муроҷиатҳо ҳар ҳафта алоҳида дар таносуби ноҳияҳо, ки масоили зиддахл фарогирашон мебошад, ҳайати «Равзанаи ягона» кори худро анҷом диҳад.

Вобаста ба таҳлили ҳуқуқии зиёда аз 25 ҳазор аризаи шаҳрвандон, ки баҳри гирифтани қитъаи замин барои бунёди манзилҳои индивидуалӣ дар маҳаллаи «Ховарон» то ба имрӯз дар Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд, дастур гашт, ки мутобиқ ба тартиби ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо ноҳияҳои шаҳр воқеияти эҳтиёҷмандии муроҷиаткунандагонро дар мӯҳлати як моҳ дақиқ намуда, корҳои лоиҳакашии кварталҳои пешбинигардидаи он дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе оид ба азхудкунии замин бобати  сохтмон дар маҳаллаи мазкур тақвият дода шавад.

Ҳамзамон бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва зиёд гардидани боришот, инчунин бардоштҳои воқеӣ аз натиҷаи боронҳои пай дар пайи  сел  дар пойтахт  Маҳмадсаид Убайдуллоев  дастур фармуд, барномаи комплексии эминдории шаҳр аз офатҳои селборон, ки мутаассифона тамоюли зиёдшавӣ дорад, дар асоси лоиҳаи дахлдор тарҳрезиву амалӣ карда шавад. Зеро воқеияти мавҷуда таври ногузир тақозо менамояд, ки тарҳҳои коммуникатсияҳои муҳандисии хизматрасони дар шаҳр ҷойдошта таҷдид карда шаванд.

Дар иртибот ба ин масъулини соҳа ва раисони ноҳияҳои шаҳрро муваззаф сохт, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявии соҳибтавозун вазъи коршоямии тамоми каналу селпартоҳо ва дарёҳои аз ҳудуди шаҳр убуркунандаро зери назорати доимӣ карор дода, ҷиҳати рафъи мушкилиҳои ба фаъолияти селпартоҳо халалворидкунанда тадбирҳои саривақтӣ андешанд.