Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 May 2014

12 майи соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама  бо инобати  оғоз гардидани фасли гармо ва пешгирӣ аз хуруҷи ҳаргуна бемориҳои сироятӣ вазъи санитарию экологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳалллаҳо, ки зери масъулияти раисони ноҳияҳо амалӣ карда мешаванд, мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ қарор гирифт.

Дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев сохторҳои назорати давлатӣ дар ин соҳаро вазифадор намуд, ки ҳолати барориши партовҳои сахти маишӣ дар соатҳои муқарраргардида, коркарди санитарии нақлиёти марбута пас аз партовгоҳи шаҳрӣ ба ҳудуди пойтахт ворид шудан зери назорати доимӣ қарор дода, аз воқеияти ҷойдошта ба Раиси шаҳр иттилоъ манзур созанд.

 Барои ташкили назорати ҷамъиятӣ дар беҳдошти вазъи санитарию экологии шаҳр аз сокинони пойтахт низ даъват ба миён овард, ки дар ин ҷода бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри баланд бардоштани масъулияти хизматии роҳбарони сохторҳои  зидахли ноҳиявӣ, ҷиҳати иттилоонии масъулин аз хизматрасонии сомонаи www.mometavonem.tj истифода намоянд.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи масъулин ба ҳолати нигаҳдошту коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр ва ҷӯйборҳои атрофи роҳҳои автомобилгард ва ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, сабзкории боғу майдонҳо ва канораи роҳҳои нақлиётӣ ҷалб гардида, дастур гашт, ки комиссияи махсуси экологӣ ҳолати нашъунамои дарахтони интиқолии дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳр шинонидашударо ба риштаи таҳқиқ кашад.

Идома бар он баҳри татбиқи муқаррароти шаҳрдорӣ-  афзудани дастовардҳои меҳнатию озодагӣ ва ободии ҳар як хонадон ба ифтихори ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе, шуруъ аз 14 май то 31 августи  соли ҷорӣ ҳар чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа рӯзҳои шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳо баргузор карда шаванд.

Дар ин зимн Раиси шаҳр дақиқ намуд, ки нақшаи баргузории амалкарди мазкур дар таносуби ҳар кадом ноҳия тариқи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ дастраси сокинони шаҳраку маҳаллаҳо гардонида шавад ва аз ҷараёни ин ҳамоишҳо МД «Телевизиони пойтахт» гузоришҳо омода карда, гуфтугӯи мустақими роҳбарияти шаҳр ва раисони ноҳияҳоро оид ба ҳалли мушкилоти шаҳраку маҳаллаҳо бо сокинон роҳандозӣ намояд.

Дар ҷаласа, инчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати иҷрои  нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, татбиқи Фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарору фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, масъулинро таври лозима раҳнамоӣ намуд.