Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 May 2014

19 майи соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ таҳти садорати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гашт.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама доир ба ҷараёни татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 190 аз 12 майи соли 2014 «Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо», ки баҳри вусъати омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ва дар ин замина густариш бахшидан ба фаъолияти сохторҳои марбута, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, аҳли ҷамоатчигии пойтахт ва ҳар як сокини шаҳр барои иҷрои барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, беҳбудбахшии равандҳои созандагию бунёдкорӣ, таъмини волоияти қонун ва иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳр қабул гардидааст,  таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар ин зимн, бо хулоса аз фаъолияти тӯли ҳафтаи гузашта анҷом гирифта, Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, ки аз ҷониби раисони ноҳияҳо, новобаста аз он, ки Қарори мазкур ва ҷадвали баргузории Рӯзҳо дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳо дар сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе - www.dushanbe.tj ва дигар расонаҳои хабарии шаҳрӣ интишор шудаанд, огоҳонии қаблии сокинони шаҳраку маҳаллаҳо бобати омодагиашон ба баргузории Рӯзҳои шаҳр дар ҳудуди онҳо ва ҳамвора ба он ҳар чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар шаҳраку маҳаллаҳо то 31 августи соли ҷорӣ дар ҷойҳо доир гардидани қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти шаҳр, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони аввали сохторҳои хизматрасонию назоратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, ҷоннок карда шавад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа М.Убайдуллоев ба фаъолони пойтахт прокурори нави шаҳри Душанбе Мирзошариф Шарифзодаро муаррифӣ намуда, даъват ба миён овард, ки баҳри таъмини волоияти қонун ва назорати иҷрои якхелаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷрибаи ғании касбкарда дар зинаҳои роҳбарикунандаи мақомоти Прокуратураи генералӣ, бобати тақвияти мубориза алайҳи зуҳуроту амалҳои ғайриқонунӣ дар шаҳр ҳамоҳангсозии фаъолияти самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳриро тавсеа бахшад.

Инчунин, дар ҷаласа бобати иҷроиши бемайлони вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бармеоянд, масъулини шаҳрдорӣ, ноҳияҳо ва субъектҳои хизматрасониро новобаста аз шакл ва тобеъияти идоравӣ   муваззаф сохт, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат барои раҳнамоии муштариён тариф ва нархномаҳои хизматрасонии пулакиро дар пештоқи корхона ва идораҳо насб намуда, баҳри адои хизматрасонии шаффоф утокҳои кории масъулинро бо камераҳои мушоҳидавӣ таъмин намоянд. Барои роҳандозии ин амал дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вазифадор карда шуд, ки Қарори марбутаи Раиси шаҳрро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Идома бар он, муқаррар сохт, ки минбаъд маъракаҳои оммавии умумишаҳрӣ ҳатман бо дарназардошти сарфаву сариштакорона истифодабарии маблағҳои буҷетӣ доир карда шаванд.

Баҳри татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №186-5 аз 6 майи соли 2014 «Оид ба омодагӣ ва баргузории мавсими «Ҳаҷ-2014» дар шаҳри Душанбе» дастур гардид, ки комиссияи ҷамъиятии таъсисёфта дар ҳамкории зич бо мақомоти марбута афзалиятро ба онҳое диҳад, ки бо вуҷуди дар навбат истодан, боре ба ҳаҷ сафар накарда, дар корҳои ҷамъиятӣ чун раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ,  собиқадорони меҳнат фаъолона  ширкат менамоянд, ё худ дар озмунҳои касбии шаҳрдорӣ, аз қабили «Волидайни беҳтарин» ва ғайра ғолиб омадаанд.

Ҳамзамон, қарор гардид, ки бо мақсади ҳалли фаврии масъалаҳои вобаста ба ҳаҷ ҷиҳати ташкили шаффофияти қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон тавассути почтаи электронӣ бо ифтитоҳи сайти муваққатӣ дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Дар ҷаласа ҳамзамон дигар масъалаҳои хоҷагидории шаҳр, аз қабили назорати сифати  оби нӯшокӣ баҳри таъмини амнияти истеъмолии сокинон, вазъи санитарию экологӣ, таъмир ва нигаҳдошти роҳҳо, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ҳолати татбиқи барномаҳои сохтмонӣ, истифодаи таъинотии моликияти коммуналӣ, иҷроиши буҷету ҷамъоварии андоз, омодагиҳо ба моҳи шарифи Рамазон матраҳ гардида, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид.

Нисбати ғановати бозори истеъмолии шаҳр ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Маҳмадсаид Убайдуллоев директорони бозорҳои коммуналӣ ва раисони ноҳияҳоро бобати ҳамкориҳо бо роҳбарони бозорҳои хусусӣ вазифадор намуд, ки  баҳри коҳиш додани болоравии нарх дар бозори истеъмолӣ хариду интиқоли маҳсулоти кишоварзии баҳориро бевосита,  бидуни миёнаравҳо аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои вилояти Хатлон ва тобеи марказ ба бозорҳои зертавозун вусъат бахшанд.