Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 May 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 189-13 аз  08.05.2014

 

Дар бораи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе-меҳвари ташаббус ва ташаккули ҷавонон»

 

         Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ  ва илмиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  

1.           Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе-меҳвари ташаббус ва ташаккули ҷавонон» тасдиқ карда шавад.

2.     Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе:

- ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоии ҷавонони шаҳри Душанберо санаи 23 майи соли 2014 соати 5-00 субҳ тибқи нақшаи замимагардида ба роҳ монад;

- дар ҳамкорӣ бо Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва  сохторҳои марбута барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд;

- баргузории Рӯзи дави миллиро мувофиқ ба хати дави муайяншуда 18 майи соли 2014, соати 9-00 дар сатҳи баланд доир намояд;

3.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас  андешанд.

4.     Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ чораҳои зарурӣ андешад.

5.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова  Р.А. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ