Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 May 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №216 аз 20.05.2014

                              

Дар бораи таъсиси марказҳои омӯзиши қолинбофии

дастӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои косибӣ дар

шаҳри Душанбе

       Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014 бармеояд ва ба роҳ мондани истеҳсол ва фурӯши қолинҳои дастии истеҳсоли ватанӣ, ҳарчӣ бештар ҷалб намудани занҳо ва духтарони маҳаллӣ ба ин намуди фаъолият, ташкили омӯзиш бо даъвати мутахассисони эронӣ ва ба ин васила таъсиси шумораи бештари ҷойҳои нави корӣ, афзоиши  маҳсулоти саноатии ватанӣ дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А., Назаров Б.М. ва Мансуров Ҷ.М. дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон масъалаи таъсис додани марказҳои омузиши қолинбофии дастиро бо ҷалби мутахассисон ва соҳибкорони эронӣ на дертар аз 11 июли соли 2014 амалӣ намоянд.

2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Шоҳмансур –Бобоев С.Қ., И.Сомонӣ –Қурбонов А.Ҷ., Сино –Сафаров З.А., Фирдавсӣ –Алиев С.А.):

            -марказҳои касбии калонсолонро дар доираи эҳёи дигар ҳунарҳои мардумӣ-косибӣ ҷиҳати ҷалби занону духтарони хонашин барои омӯзонидани қолинбофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ,  сӯзанӣ армуғон- барорӣ, заргарӣ ва дигар навъҳои косибӣ бо истифодаи меҳнати хонагӣ дар заминаи корхонаҳои истеҳсолии мавҷуда бо ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ таъсис намоянд.

            -дар ҳамоҳангию ҳамкории самарабахш  бо  мақомоти худфаъолияти  ҷамъиятӣ,  хусусан  бо  раисони  шӯрои   шаҳраку маҳаллаҳо,  бахшҳои  кор  бо  занон  ва  оила  дар  ноҳияҳои   шаҳри   Душанбе   барои   ҳарчӣ   бештар   ҷалб   намудани        занҳо ва духтарони хонашин барои омӯзиш ба марказҳои омӯзиши қолинбофии дастӣ чораҳои ҷиддӣ андешанд.

3.Раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Одинаев Ҷ.Т.) дар муҳлати як моҳ аз ҳисоби моликияти коммуналии шаҳри Душанбе маҳали ҷойгиршавии маркази омӯзиши қолинбофии дастӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои косибиро муайян намояд. 

4.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М., Мансуров Ҷ.М. ва Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ