Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 May 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №189-9 аз 08.05.2014

 

Дар бораи таҷлили сазовори 20-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 20- солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дар ин замина тақвият бахшидан ба  ҳисси меҳанпарастии ҷавонон, садоқат ва хизмати арзанда ба Ватан ва қадршиносии хизматҳои содиқонаи афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1.     Муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар  ҳамкорӣ бо роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 20 - солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои дар замимаи №1 ҳамин Қарор зикргардидаро дар тамоми қисмҳои ҳарбии ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе  таъмин намоянд.

2.     Раёсатҳои маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе шиносоии хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аёдату дидорбинии волидони сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ, ташкили мулоқоту вохӯриҳои шахсиятҳои маъруфу шоиста, баргузории мусобиқаҳои гуногуни зеҳниву варзишӣ ва ҳавасмандгардонии сарбозонро ба роҳ монанд.

3.     Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ тариқи эҳсонкорӣ барои дастгирии молиявии қисмҳои ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 20-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидаанд, ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ, ҷиҳати дастгирии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Точикистон бахшида ба таҷлили 20 - солагии таъсисёбии он, тибқи замимаи №2  ҷудо намояд.

4.     Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо мувофиқи тартиби муайянгардида таъмин намояд.      

5.     Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» барои таҳияи роликҳои таблиғотии ватандӯстонаи телевизионӣ, инъикоси барномаҳои таҳлиливу намоишии ҳаёти сарбозон, ташкили мулоқоту суҳбатҳо бо сарбозони муваффақу ватандӯст  тадбирҳои амалӣ андешад.

6.     Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» барои насби лавҳаҳои идонаву тарғиботии ватандӯстона дар таблоҳои муносиби шаҳр ва Муассисаи давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ҷиҳати нашри матлабҳои оммавию таблиғотӣ аз ҳаёти сарбозон ва барои дастрас гардонидани рӯзномаи мазкур ба қисмҳои низомии  ҳудуди шаҳр ҳамкориҳои зичро ба роҳ монанд.

7.      Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ чораҳои зарурӣ андешад.

8.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми  Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова  Р.А.  гузошта шавад.

 

М.Убайдуллоев