Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 May 2014

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаҳои директорони муассисаҳои давлатии «Боғи  фарҳангу  фароғатии «Айнӣ» ва «Боғи  фарҳангу  фароғатии «Кулли ҷавонон»  аз 28  май  то 27  июни  соли 2014  озмун эълон менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаҳои директорони муассисаҳои давлатии  «Боғи  фарҳангу  фароғатии  «Айнӣ» ва «Боғи  фарҳангу  фароғатии  «Кули ҷавонон»   ҳуҷҷатҳои зеринро:

 

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи    

  4X6 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 

- нусхаи шиноснома;

 

ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

         Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабони  дар соҳаи табиатшиносӣ, кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ таҷрибаи корӣ дошта, афзалият дода мешавад.

Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  «27»   июни соли 2014.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56,   221-35-68  муроҷиат  намоянд.

 

 

 

Қарори раиси   шаҲри    Душанбе №228 аз  22.05.2014

 

Дар бораи эълон намудани озмун барои

ишғоли вазифаҳои  директорони муассисаҳои

давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Айнӣ»

ва «Боғи фарҳангу фароғатии «Кули ҷавонон»

 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                     ҚАРОР МЕКУНАМ:

          1.Барои ишғоли вазифаҳои директорони муассисаҳои давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Айнӣ» ва «Боғи фарҳангу фароғатии «Кули ҷавонон» аз «28»  май то «27» июни соли 2014 озмун эълон ва натиҷаи он на дертар аз «30»  июни  соли 2014  ҷамъбаст  карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

      М.УБАЙДУЛЛОЕВ