Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 May 2010

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТӣДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

                                        

Тибқи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 273-3 аз 4 майи соли 2010 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2011 дар пойтахт» оид ба интихоби беҳтарин консепсия-сенария бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2011 ба

 

озмун даъват менамояд

 

 

Ш А Р Т Ҳ О И

озмуни беҳтарин консепсия-сенария бахшида

ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2011

 

 

Озмун аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 20 май то 20 августи соли 2010 гузаронида мешавад.

Мавзӯи озмун: мусоидат намудан ба эҷоди асарҳои нави бадеиву ҳунарӣ, пешниҳоди консепсия ва самтҳои асосии таҷлили бошӯкӯҳу ҳадафманди ҷашни бостонии халқи тоҷик-Наврӯз.

Мақсади озмун: инъикоси ҳамаҷонибаи суннатҳои ҷашни бостонии Наврӯз ва ҷилвагар сохтани дастовардҳои муосири фарҳанги ҷомеа. Тавассути намоиши анъанаҳои беҳтарини Наврӯзӣ вусъат бахшидани сатҳи маънавии шаҳрвандон, густариши сулҳу ваҳдат ва дӯстиву рафоқат дар доираи ҷашни 20- солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инъикоси бадеии Душанбе чун маркази сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, чун шаҳри сулҳ, тамаддуни муосир, ташаббускори идеяи созандагиву бунёдкорӣ.

Шакли озмун: Озмун дар шакли кушод дар як давр гузаронида мешавад. Дар озмун ҳар як шаҳрванд, гурӯҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд ширкат намоянд.

Ҷоизаи озмун:

а) Ҷоиза барои беҳтарин консепсия – сенария  - 11000 (ёздаҳ ҳазор) сомонӣ

Шарт ва мӯҳлати озмун: Асарҳо ба озмун дар панҷ нусха то 20 августи соли 2010 ба Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 18 пешниҳод карда шавад, ки дар рӯи лифофа мавҷудияти қайди «Ба озмуни Наврӯз-2011» зарур аст.

Ҳайати ҳакамон асарҳои пешниҳодшударо то 31 августи соли 2010 муҳокима намуда, тариқи овоздиҳии пӯшида ѓолибонро муайян менамоянд

Довталабе, ки ба гирифтани овози бештари ҳайати ҳакамон мушарраф мегардад, ѓолиб дониста мешавад.