Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 May 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №235 аз 27.05.2014

Оид ба эҳсонкорӣ дар таъмири ҷории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе

         Баҳри дастгирии ташаббуси субъектҳои соҳибкорӣ дар таъмири ҷории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 37 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 3, 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эҳсонкорӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.  Ташаббуси субъектҳои соҳибкорӣ оид ба саҳмгузорӣ дар таъмири ҷории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе тибқи замима бо қаноатмандӣ ҷонибдорӣ карда шавад.  

2.   Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ –тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Автострада» ҳуҷҷатҳои харҷномавии роҳҳои харобгардидаро таҳия намуда, назорати ҳаҷми корҳои иҷрошуда ва сифати онҳоро ба роҳ монанд.

3.   Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Насимов А.) ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои таъмиршаванда, вобаста аз самти фаъолият, тадбирҳо андешад.

4.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ