Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 June 2014

Дар бораи ҳисоботи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ, оид ба буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ дар бораи рафти иҷроиши Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №145-15 аз 16 октябри соли 2008 “Дар бораи чораҳои беҳбуд бахшидани вазъи санитарӣ – экологӣ, корҳои ободонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар пойтахт”

 

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисоботи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ, оид ба буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ оид ба ҷараёни иҷроия Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №145-15 аз 16 октябри соли 2008 “Дар бораи чораҳои беҳбуд бахшидани вазъи санитарӣ – экологӣ, корҳои ободонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар пойтахт”-ро баррасӣ ва муҳокима намуда, қайд менамояд, ки Қарори мазкур дар ҳалли масъалаҳои муҳими рушди босуботи шаҳри Душанбе то имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст.

Яке аз вазифаҳои асосии Қарори мазкур таъмини аҳолии шаҳр бо оби ошомидании стандартӣ буд, ки баҳри ҳалли пурраи он тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Қайд намудан зарур аст, ки Ҳавзи танзими шабонарӯзӣ, сехи истеҳсоли гипохлориди натрий, қитъаи тоза кардани маҳлули намак ба истифода дода, бо 173098 муштарӣ, аз ҷумла 167001 муштариёни инфиродӣ (аҳолӣ) ва 6097 корхонаву ташкилот шартномаҳо ба имзо расонида шудааст.

Дар доираи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе аз 76500 адад обченкунакҳои пешбинишуда, аллакай 48384 адад обченкунакҳо ворид ва аз 15 марти соли 2014 васли онҳо оғоз гардида, то 15 апрели соли ҷорӣ 4244 адад обченкунакҳо насб карда шуданд ва васлкунии онҳо пеш аз муҳлат таъмин карда мешавад.

Мутаассифона, проблемаи асосӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ – талафоти об, вобаста ба истифодаи ғайриоқилонаи он боқӣ мондааст ва то ҳол истифодабарии оби нӯшокӣ ба мақсади обдиҳии дарахтону боғҳо, обпошии назди ҳавлиҳо, мошиншӯӣ ва дигар корҳои ғайри ошомиданӣ аз байн бурда нашудаанд.

Нисбати вазъи экологияву муҳити зист танҳо дар соли гузашта 1580 камбудӣ ошкор гардида, 96%-и (1510) он бартараф карда шуда, нисбати 1790 шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба маблағи 140 000 сомонӣ ҷарима баста шуд ва ҷиҳати тоза нигоҳ доштани соҳили дарёву каналҳо иштироки сокинони шаҳр фаъол гардида, миқдори партовҳое, ки дар соли 2013 аз соҳилҳо ҷамъоварӣ карда шуд, нисбати соли 2008 се маротиба ва нисбати соли 2012 ду маротиба камтар гардид.

Новобаста аз ин, бо дарназардошти зиёд гардидани миқдори корхонаҳои саноатӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, таъмири нақлиёт, ҳамому хушкашӯӣ, тадбирҳои мушаххас оид ба муҷаҳҳаз гардонидани ин корхонаҳо бо таҷҳизоти махсуси филтркунандаи партовҳои газӣ бояд ба роҳ монда шаванд.

Яке аз масъалаҳои муҳими шаҳр, ки боиси нигаронии сокинони он гардидааст, ин масъалаи идоракунии 1988 нуқтаи партовҷамъкунӣ, новобаста аз шакли моликияташон ва ихтиёрдории идоравиашон, ба ҳисоб меравад.

Дар давоми солҳои 2012-2013 дар ҳудуди шаҳр 103316 бех дарахти гуногун шинонда шуда, дарахтҳои нодире, ки соли 2014 шинонида шуданд, парвариши зиёда аз 4 млн тюлпан (лола) ва миқдори зиёди гулҳои дигар беҳдошти муҳити зистро таъмин намуда бошанд ҳам, талаботи имрӯзаи шаҳрдориро қонеъ гардонида наметавонад, зеро шароитҳои иқлимии шаҳри Душанбе сабзкориву дарахтшинонӣ ва зиёд намудани фонди онро ба маротиб тақозо менамояд.

          Бо дарназардошти муҳокимаи масъала, мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

ҚАРОР  МЕКУНАД:

1.       Ҳисоботи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ, оид ба буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ оид ба ҷараёни иҷроия Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №145-15 аз 16 октябри соли 2008 “Дар бораи чораҳои беҳбуд бахшидани вазъи санитарӣ – экологӣ, корҳои ободонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар пойтахт” ба инобат гирифта шуда, фаъолияти муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ дар соҳаи санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист, обтаъминуниву корезӣ, сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ҷиҳати татбиқи Қарори мазкур нокифоя ҳисобида шавад.

2.       Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе-сарпарастони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, дар муҳлати то 1 сентябри соли 2014 тамоми чораҳои заруриро вобаста ба таъмини иҷрои муқаррароти Қарори мазкур дар қаламрави ноҳияҳо андешида, аз натиҷаи он ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намоянд.

3.       Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо Муассисаи давлатии “Раёсати обёрӣ”-и шаҳри Душанбе, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, сохторҳои дахлдори ноҳияҳои шаҳри Душанбе, бо ҷалби олимони соҳа ва коршиносони мустақил, дар доираи Нақшаи тарҳрезишудаи генералии шаҳри Душанбе бо мақсади рафъи истифодаи оби ошомиданӣ барои эҳтиёҷоти обёрӣ, лоиҳаи Қарори марбутаи Раиси шаҳрро то 1 августи соли 2014 оиди обтаъминкунӣ ҷиҳати обёрии боғу гулгаштҳо ва фондҳои сабзкории шаҳр бо истифода аз оби техникӣ ва каналу селпартоҳои ирригатсионӣ ба Раиси шаҳри Душанбе ирсол созад.

4.       Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷӯраев А.Ш.), Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.), Муассисаи давлатии Маркази татбиқи Лоиҳаи Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе (Лақаев Ҷ.С.) дар ҳамоҳангӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ чораҳои заруриро бобати беҳдошти муҳити зист, таъмин намудани меъёрҳои асосии тозагиву санитарӣ, омодасозии тамоми нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ва истифодабарии меъёрии онҳо тибқи талаботи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №186 аз 1 апрели соли 2010 “Дар бораи тасдиқи Тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безарар гардонидани партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе” амалӣ намоянд.

5.       Директори Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” (Исупов Ф.А.), мудири шуъбаи идоракунии Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе (Нозимов З.) тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати сифатнок ва саривақтӣ татбиқ намудани Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе бобати насбу васли обҳисобкунакҳои инфиродӣ барои обистеъмолкунандагони шаҳр роҳандозӣ намоянд.

6.       Ба директори Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” Исупов Ф.А. ҷиҳати ба пуррагӣ ва тибқи қонунгузорӣ ба анҷом расонидани бастани шартномаҳои дутарафа бо тамоми гурӯҳҳои истеъмолкунандагон, инчунин бартарафкунии камбудиву норасогиҳо то 1 августи соли 2014 муҳлат муайян карда шуда, назорати иҷрои банди мазкур, инчунин тариқи шартномавӣ ба роҳ мондани тамоми намудҳои хизматрасонии коммуналиву муҳандисӣ дар раванди ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ба уҳдаи раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Шарифов З.Р., Рауфӣ, А. ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №59 Шоев Н.Н. вогузор карда шавад.

7.       Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути воситаҳои ахбори омма ҷараёни иҷрои  Қарори  мазкурро инъикос ва бо пуррагӣ чоп намудани онро дар сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, саҳифаҳои иҷтимоии интернетии дастраси шаҳрвандон ва рӯзномаҳои шаҳрӣ баҳри густариши ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа таъмин намояд.

8.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ (Сатторӣ И.) ва оид ба буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ (Рауфӣ А.) гузошта шавад.

 

 

                РАИСИ

    МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ            М. УБАЙДУЛЛОЕВ