«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 June 2014

Оид ба вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 бармеоянд

 

Бо мақсади татбиқи бемайлони иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 зикр гардидаанд, мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 

ҚАРОР  МЕКУНАД:

         1.Вазифаҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои нишондодҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 бармеоянд, тасдиқ карда шавад.

         2.Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳр иҷрои бемайлони Нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намуда, аз натиҷааш ҳар се моҳ ба унвони Раиси Маҷлиси вакилони халки шаҳри Душанбе  ахбороти хаттӣ ирсол намоянд.

         3.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

         4.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ