Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 June 2014

Қарори раиси шаҲри Душанбе №250 аз 6.06.2014

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ доир намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.   

2.     Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии идона таъмин  намояд.

3.     Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид  ба  шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе ороиши бадеии шаҳрро ба муносибати ҷашн таъмин ва доир ба таъмири унсурҳои ороишии барқӣ ва гузоштани ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.

4.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, нигаҳдошти реквизиту лавозимот ва экспозитсияву воситаҳои ороишӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

5.     Аз сокинону меҳмонони шаҳр хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва Маромномаи сокини пойтахтро қатъиян риоя намоянд.

6.     Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А.  гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ