Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 June 2014

Шаҳрдорӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-умин солгарди мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ тибқи анъаноти худ ба маблағи 317,5 млн сомонӣ фондҳои асосиро аз ҳисоби буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ ба истифода медиҳад.

Аз ҷумла, феҳристи фондҳои асосиро кӯдакистон барои 128 ҷойи хоб,  театр барои 210 ҷойи нишаст,  биноҳои истиқоматии 13 ва 14 ошёна як ададӣ, 9 - ошёна 7 адад, 7 - ошёна 2 адад, 6 - ошёна 1 адад, 5 - ошёна 7 адад бо масоҳати умумии  71,3 ҳазор м2, 4 майдончаҳои варзишӣ бо масоҳати умумии 3000 м2, беш аз 23,8 км таъмири асосии хатҳои муҳандисии зеризаминию ҳавоии роҳҳо ташкил доданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни сохтмон ва азхудкунии фондҳои асосии мазкур 1722 нафар бо ҷойҳои кории муваққатӣ таъмин гардида, бо ба истифода қарор додани онҳо  920 ҷойи нави доимии корӣ дар пойтахт таъсис меёбад.