Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 June 2014

23 июни соли 2014 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, субъектҳои хоҷагидорӣ, шӯроҳои маҳаллаҳою шаҳрак ва дигар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа, дар радифи баррасии вусъати тадбирҳо бобати амалисозии барномаҳои тасдиқгардидаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба тавсеаи иқдомоти шаҳрдорӣ дар ҷодаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовор аз  Рӯзи Ваҳдат, 23 - солагии соҳибистиқлолии кишвар, 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ ва дигар чорабиниҳои пешбинишуда нигаронида, баҳри тақвияти омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ва ободии ҳар як хонадон ва маҳаллаву шаҳрак ҷараёни баргузории Рӯзҳои шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳоро мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор дод.  

Дар ин зимн, раисони комиссияҳои доимии  Маҷлиси вакилони хадқи шаҳри Душанберо, ки мутаносибан дар ноҳияҳои шаҳр масъул таъин гардидаанд,  муваззаф сохт, ки ҳадафмандии баргузор намудани Рӯзҳои мазкур ва қабули оммавии сокинони пойтахтро аз ҷониби роҳбарияти шаҳр дар шаҳраку маҳаллаҳоро зери назорати қатъӣ қарор дода, иҷроиши барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва бунёдкорию созандагиро якмаром таъмин созанд.

Дар иртибот ба омодагиҳои шаҳрдорӣ ба ифтихори 17 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҷаласа зикр гашт, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №250 аз 6 июни соли 2014 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе” ба муносибати 90-умин солгарди мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе 26 июни соли 2014, соати 9-00 хатнасури 360 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва тӯйи арӯсиву домодии 90 ҷуфт ҷавонон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе баргузор карда мешаванд.

Пас аз анҷоми расми ақди никоҳ бошад ҳамон рӯз, соати 18-00 тӯйҳои арӯсию домодии навхонадорон бо иштироки наздикону волидонашон бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси ташаббуси  эҳсонкории роҳбарони тарабхонаҳои «Истаравшан» (ноҳияи Фирдавсӣ), «Самандар» (ноҳияи Сино), «Шаҳрисабз» (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ва каҳвахонаи  «Помир» (ноҳияи Шоҳмансур) доир карда мешаванд. 

Илова бар он таъкид гардид, ки ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ тибқи анъаноти худ шаҳрдорӣ ба маблағи 317,5 млн сомонӣ фондҳои асосиро аз ҳисоби буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ ба истифода дода,  ба ин васила 920 ҷойи нави доимии корӣ таъсис медиҳад.

Дар ҷаласа инчунин дигар масъалаҳои хоҷагидории шаҳр, аз қабили назорати сифати  оби нӯшокӣ баҳри таъмини амнияти истеъмолии сокинон, вазъи санитарию экологӣ, таъмир ва нигаҳдошти роҳҳо, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ҳолати татбиқи барномаҳои сохтмонӣ, истифодаи таъинотии моликияти коммуналӣ, иҷроиши буҷету ҷамъоварии андоз  матраҳ гардида, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид.

Нисбати ғановати бозори истеъмолии шаҳр ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар моҳи шарифи Рамазон Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, директорони бозорҳои коммуналӣ ва раисони ноҳияҳоро бобати ҳамкориҳо бо роҳбарони бозорҳои хусусӣ вазифадор намуд, ки  баҳри коҳиш додани болоравии нарх дар бозори истеъмолӣ хариду интиқоли маҳсулоти кишоварзиро аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои вилояти Хатлон ва тобеи марказ ба бозорҳои зертавозун вусъат бахшанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа аз вазъи таълиму тарбия дар системаи маорифи шаҳр, муноқишаҳои беруназсинфии ноболиғон, ки аз бетарафию бемасъулиятии волидайну ҷомеа ба рух додани ҳодисаҳои куштор меоварад, изҳори нигаронӣ карда, масъулин ва фаъолони пойтахтро вазифадор кард, ки дар самти тарбияи насли солим ва ҳамзистии осоиштаи ҷомеаи шаҳрӣ тадбирҳои дастаҷамъонаро роҳандозӣ намуда, бо лағви бетарафӣ нисбати хилофкорон чораҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ созанд.   

Ҳамзамон бо дахли масъалаҳои мубарами шаҳрдорӣ маротибаи дигар Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулин ва фаъолони пойтахтро бобати татбиқи якмароми муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти манъ доштани  парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе, нигаронида, талаб намуд, ки чораҳои  бебозгашт таври доимӣ амалӣ карда шаванд.

Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт ва дар доираи салоҳияти шаҳрдор муроҷиати ҳар кадоме баррасию қонеъ  карда шуданд.