Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 July 2014

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №715 аз 10 декабри соли 2013 ҷиҳати дастрас, васл ва ба кор андохтани сардхона барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ, бо истифода аз модули ҷавобгӯй ба талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ, дорои таҷҳизотҳои пурраи иқлимӣ, технологӣ ва омодаи истифодабарӣ, озмуни байналмилалӣ байни шахсони ҳуқуқии ватанию хориҷӣ эълон менамояд.

Довталабон ба Комиссияи озмунӣ мактуби ёддоштӣ дар ҳаҷми на кам аз 2 саҳифаи чопӣ ирсол намуда, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба он замима намоянд:

1.Иҷозатнома (Литсензия) барои фаъолияти корӣ;

2.Номгӯй, суроға ва кишвари истеҳсолкунандаи модулҳо;

3.Нишондодҳои техникӣ мутобиқ ба хусусиятҳои хоси маҳсулот ва таъиноти  онҳо ба шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзиши умумии модулҳо бо назардошти таҳвил (хароҷоти барасмиятдарории гумрукӣ ва роҳкиро),  васли онҳо (бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва ғайра) дар иншоот;

4. Кафолатномаи истифодабарии модулҳо ба мӯҳлати на кам аз ду сол;

5.Маълумот оиди корҳои қиёсии иҷронамудаи довталаб бо тақризи баҳои  фармоишгар;

6.Муҳлати иҷрои корҳо;

Муҳлати пешниҳоди дархостҳо то 4 августи соли 2014 қабул карда мешаванд.

Дархостҳо ба суроғаи ҳуқуқии шахси қабулкунанда- Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе:

734018, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 24, тел.(+992 37) 221-14-45 почтаи электронӣ: zokirk@yandex.com ирсол кард шаванд.