Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 July 2014

Дар бораи   даъват   намудани   иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1.Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум 31 июли  соли 2014,  соати  800, дар  толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» даъват карда шавад.

         2.Ба рӯзномаи иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Оид ба ҷараёни иҷроиши Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо» ва «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай».

         2.2. Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б. М. дар бораи ҷараёни татбиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2008 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт».

2.3. Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н. Ҳ. дар бораи ҷараёни татбиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №97-10 аз 12 июли соли 2012  «Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо Сафялоев С.Ғ. «Дар бораи ташкили фаъолияти муназзами хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши истифодаи умум дар хатсайрҳои амалкунандаи ҳудуди шаҳри Душанбе».

2.4.Ҳисоботи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе дар бораи рафти иҷроиши Қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои номгузорӣ ва номивазкунӣ.

2.5. Дар  бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №36.

       2.6.Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

         3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гуруҳи корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода шавад.

  4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи  нуздаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ирсол намоянд.

 5.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро бо истифода аз воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ  ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур гардонад.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.                                                                     
                                                                                            М.УБАЙДУЛЛОЕВ