Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 July 2014

Комисияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №737 аз 13 декабри соли 2013 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №332 аз 4 июни соли 2013 «Дар бораи баргузории тендер» оиди интихоби пудратчии иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» барои:

         -марҳилаи дувоздаҳум- таъмини таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири соҳаи тиб барои иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавии дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» бо тариқи тақсимбандии зайл:

-Лоти №1 «Таҷҳизот барои ташхиси нурӣ»;

-Лоти №2 «Дастгоҳҳои назорати ҳолатҳои клиникӣ»;

-Лоти №3 «Таҷҳизоти озмоишгоҳӣ»;

-Лоти №3а «Таҷҳизот барои ташхиси гистологӣ ва ситологӣ»;

-Лоти №4 «Дастгоҳҳо барои ҳуҷраи физиотеропевтӣ»;

-Лоти №5 «Таҷҳизот барои толорҳҳо/ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ»;

-Лоти №6 «Таҷҳизот барои ҳуҷраи табиби гӯшу гӯлу ва бинӣ (ЛОР)»;

-Лоти №7 «Таҷҳизот барои ҳуҷраи табиби бемориҳои чашм (офтальмолог)»;

-Лоти №8 «Таҷҳизот барои ҳуҷраи табиби кӯдакона ва неонатолог»;

-Лоти №9 «Таҷҳизот барои ташхиси даруннигарӣ (эндоскопия)»;

-Лоти №10 «Таҷҳизот барои узвҳои нафаскашӣ (распираторная)»;

-Лоти№11 «Нақлиёти санитарӣ ва таҷҳизотҳои иловагӣ»;

-Лоти №12 «Таҷҳизоти стоматологӣ»;

-Лоти №13 «Таҷҳизоти ташхиси функсионалӣ»;

-Лоти №14 «Таҷҳизоти биотиббӣ»;

        

ТЕНДЕРИ КУШОДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУД ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

 

      Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ тибқи Шартҳои махсуси тендери кушоди байналмилалӣ ҷиҳати интихоби молрасони таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири соҳаи тибби иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст», иштирок карда метавонанд

 

1.Дархост ҷиҳати иштирок ба тендери байналмилалӣ на дертар аз 7 рӯз то оғози тендер.

2.Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва Иқтибос аз Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқӣ (агар ташкилоти хориҷӣ бошад ба таври ҳатмӣ бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодани филиали худ легализатсия шуда, дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шавад).

3.Иҷозатномаи махсус барои хариду фурӯши таҷҳизоти тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст (довталаби хориҷӣ низ бояд чунин Иҷозатномаро дошта бошад).

4.Маълумотномаи Нозироти андоз оиди дар давоми як моҳи то оғози рӯзи тендер дар назди буҷети давлатӣ қарз надоштани ташкилот (ё филиали довталаби хориҷӣ).

5.Маълумоти довталаб оид ба таҳвили таҷҳизотҳои тиббӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарҷи нархи ҳар як таҷҳизот аз рӯи борхатҳои мавҷуда дар давоми 3 соли охир.

6.Номгӯйи таҷҳизоти тиббии харидашаванда бо нишон додани давлати истеҳсолкунанда, сертификати сифат, дастурамали исти-фодабарӣ (ҳатман бо забони русӣ бошад), нарх бо сомонӣ ва асъори ИМА бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон.

7.Пешниҳоди тендерӣ бо дарҷи мӯҳлати таҳвили таҷҳизот ва арзиши пешниҳод.Таҳвили пешазмуҳлат иҷозат дода мешавад.

8.Кафолати бонкӣ дар ҳаҷми 2%-и арзиши дархости тендерӣ ҷиҳати таъмини пешниҳоди тендерӣ;

9.Шартҳои таҳвили DDU (васл, санҷиш, ҷурмкунӣ (пуско-наладочные работы ва омӯзонидани кадрҳои соҳавӣ барои таҷҳизот ва дастгоҳҳои марбута то 2 сол) риоя карда шавад.

10. Довталаб метавонад дар як ва якчанд лотҳо иштирок намояд.

11. Дар пешниҳоди тендерии товталаб арзиши таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири соҳаи тиб бо дарназардошти хароҷотҳои нақлиёт, гумрукӣ, андозҳо, васл, санҷиш, ҷурмкунӣ (пуско-наладочные работы) ва омӯзонидани кадрҳои соҳавӣ барои таҷҳизот ва дастгоҳҳои марбута то 2 сол пешниҳод карда шавад.

12.Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер.

Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ, довталабон метавонанд ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев-24, почтаи электронӣ: zokirk@yandex.com, dushanbe80@yahoo.com, бо телефонҳои 221-14-45, 233-77-56 то санаи 20 июли соли соли 2014 муроҷиат намоянд.

Рӯзи гузаронидани тендер 31 июли соли 2014, соати 15:00

Макони баргузории тендер: Бинои маъмурии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев-24

Эзоҳ: Мӯҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 12:00-и 30 июли соли 2014.


Общий перечень оборудования для городской многопрофильной больницы на 650 коек с поликлиникой на 800 посещений в смену