«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 July 2014

ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ №293 аз 08.07. соли 2014

 

Дар бораи «Соли оммавияти футбол эълон намудани соли 2014» дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №184 аз 8 апрели соли 2014 «Дар бораи Соли оммавияти футбол эълон намудани соли 2014», рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе, оммавӣ гардонидани машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, густариши футбол ва ҷалби бештари аҳолӣ ба ин намуди варзиш, ба танзим даровардани фаъолияти самараноки иншоотҳои варзишии сохташуда дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

1.     Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар бораи «Соли оммавияти футбол эълон намудани соли 2014» дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад. 

2.     Раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ-Қурбонов А.Ҷ., Фирдавсӣ-Алиев С.А., Сино-Сафаров З.А. ва Шоҳмансур-Бобоев С.Қ., Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо Федератсияи футболи шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд амалӣ намудани ҳадафҳои «Соли оммавияти футбол» ташкили мусобиқаҳо ва тарбияи дастаҳои алоҳидаи футболбозон дар сатҳи ҳар як шаҳраку маҳаллаҳо чораҳои қатъӣ андешида, аз имконоти майдонҳои ба ин мақсад бунёдшудаву дар нақшабуда самаранок истифода баранд.

3.      Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳри Душанбе  маблағи 39 000 (сиву нуҳ ҳазор) сомонӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар асоси  нақшаи чорабиниҳои замимагардида дар бораи гузаронидани чорабиниҳо оид ба «Соли оммавияти футбол эълон намудани соли 2014» ҷудо намояд.

4.     Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати банақшагирию бунёди майдончаҳои футбол дар шаҳраку маҳаллаҳои канории шаҳр чораҳои зарурӣ андешанд.

5.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», риояи Маромномаи сокини пойтахт дар рўзҳои баргузории мусобиқаҳои сатҳи баланду бо иштироки доираи васеи мардум баргузоршаванда чораҳои зарурӣ  андешанд.

6.                Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ чораҳои зарурӣ андешад.

7.                Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси  шаҳри  Душанбе Қурбонова Р. А. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ