Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 July 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №304  аз  10.07.2014

Дар бораи бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри  Душанбе табдил додани мактаби махсус ва ғоибонаи ношунавоёни №8 ноҳияи Фирдавсӣ

 

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №228 дар бораи  «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакони ношунаво ва иллати нутқдошта, ки ба кӯмаку дастгирии давлат ниёз доранд, Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №127-13 аз 17 апрели соли 2008 оид ба «Барномаи рушди муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе барои солҳои 2008-2015», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва моддаҳои 22 ва 35 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ :

  1.Дар заминаи мактаби махсус ва ғоибонаи ношунавоёни №8 ноҳияи Фирдавсӣ гурӯҳҳои синни томактабӣ таъсис дода шуда, бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе табдил дода, мутобиқи базаи моддӣ-техникии замимагардида, ба тавозуни Раёсати маорифи шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

  2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.)      барои  фаъолияти  Муассисаи  давлатии  таҳсилоти  миёнаи  умумии  махсус   барои   ношунавоёни шаҳри Душанбе дар

буҷети  соҳаи маорифи шаҳри Душанбе маблағҳои заруриро тибқи талаботи банди якуми Қарор пешбинӣ намояд.

3. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.) :

- Оинномаи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанберо бо дарназардошти нишондодҳои Қарори  мазкур аз нав таҳия ва аз қайди давлатӣ гузаронад;

- воҳидҳои кории онро дар мувофиқа бо Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д. М.) дар муддати 2 моҳ таҳия ва тасдиқ намояд;

- таҷҳизот, мизу курсӣ ва дигар амволи муассисаи мазкурро пурра ба тавозуни Раёсати маорифи шаҳри Душанбе гузаронад;

-тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ шумораи кӯдакони гурӯҳҳоро ташкил диҳад;

4. Комиссияи қабул ва супоридани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе дар ҳайати зерин:

- Рауфӣ А. раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ;

- Қурбонова Р.А.- муовини Раиси шаҳри Душанбе;

- Назаров Б.М.- муовини Раиси шаҳри Душанбе;

- Алиев С.А.-раиси ноҳияи Фирдавсӣ;

- Кенҷаев Д.М.- сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе;

- Одинаев Ҷ.Т.- муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

 - Фақеров Ҳ.Н.- сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе;

- Абдуразоқова Ҳ. –директори мактаби махсус ва ғоибонаи ношунавоёни №8 ноҳияи Фирдавсӣ таъсис дода шуда, дар асоси санади дахлдор қабул ва супоридани иншооти зикргардидаро таъмин намоянд;

5. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникӣ ба маълумотҳои ҳисоботӣ тағйиротҳои дахлдорро ворид намоянд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ