Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 July 2014

21 июли соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масъалаҳои мубрами хоҷагидорӣ  баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама бо таваҷҷуҳ аз ғановати бозори истеъмолӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, риояи нархҳои воқеӣ дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби соҳибкорон дар тамоми бозорҳои дар марзи шаҳри Душанбе фаъолияткунанда аз рӯи фаъолияти густурдаи мақомоти марбута ва комиссияҳои ҷамъиятӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Ин навбат низ Маҳмадсаид Убайдуллоев кулли ҳозиринро ба имону инсоф даъват карда, роҳбарияти бозорҳои коммуналӣ ва хусусиро муваззаф сохт, ки барои захираву бо нархҳои дастрас дар иди Рамазон  пешниҳоди 20 намуд  маҳсулоти ниёзи аввалия чораҳои қатъӣ андешанд. 

Идома бар он дастур фармуд, ки баҳри пурғизоии дастурхони идонаи рамазонии шаҳрвандон баргузории ярмаркаҳои ҷойдоштаро идома ва  рӯзҳои шанбе ва якшанбе- қабл аз иди Рамазон дар тамоми шаҳараку маҳаллаҳо ва бозорҳои коммуналӣ фурӯшҳои ярмаркавии маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби сохторҳои марбута ташкил карда шаванд.

Дар ин росто баҳри рафъи нуфузёбию таъсиррасонии  ғайриқонунӣ ба болоравии нарх дар бозорҳо ва аз байн бурдани сохторҳои беасоси миёнарав, ки яке аз сарчашмаҳои болоравии нархҳо дар бозорҳои истеъмолии шаҳр мебошанд, қарор гардид, ки фаъолияти тамоми нозирони минтақавӣ, духтурони санитарию байтории беш аз 5 сол дар як бозор фаъолияткунанда  таҷдиди назар карда шаванд.

Инчунин бо инобати таҳлили рақамҳои оморӣ оид ба таносуби нархи баъзе аз маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори нигаронӣ карда, барои ислоҳи вазъ ба муовини соҳавии худ Бурҳон Назаров, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе Сайфулло Амонов ва кулли директорони бозорҳои коммуналии  шаҳр то 1 сентябри соли 2014 муҳлат муқаррар сохт.

Ҳамзамон дар ҷаласа ҳолати корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ва объектҳои соли 2014 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бунёдшаванда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки тибқи Амри Раиси шаҳри Душанбе №273 аз 31 декабри соли 2013 ва нақшаи тасдиқгардидаи Муассисаи мазкур дар соли ҷорӣ 19 иншооти роҳсозӣ бо дарозии умумии 25,68 км ва масоҳати 387177 м2 ба нақша гирифта шуда, аз ин теъдод дар 18 иншоот бо дарозии 24,28 км ва масоҳати 364459 м2 корҳои сохтмону азнавсозӣ идома дошта, корҳои ҷустуҷӯӣ - лоиҳакашии иншооти «Азнавсозии кӯчаи Беҳзод (аз кӯчаи М.Турсунзода то кӯчаи Дӯстии халқҳо)» бо дарозии 1,4 км ва масоҳати 22718 м2 ба анҷом расонида шуда, лоиҳаи он барои ташхис ба Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.

 Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати дар 5 иншоот гузаштани муҳлати ба анҷом расонидани корҳои роҳсозӣ изҳори нигаронӣ намуда, комиссияи муваққатиро вазифадор намуд, ки дар паи иҷрои камбудиҳои ифшошуда аз ҷониби пудратчиён ва фармоишгари иншоот назоратро пурзӯр намояд.

Зимнан зикр сохт, ки дар интихоби тендерии пудратчиён ва лоиҳакашони иншооти роҳсозӣ минбаъд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Барои ислоҳи вазъ ва ташкили  низоми дурусти хоҷагидорӣ ба сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Суҳроб Мирзоев то 1 сентябри соли 2014 муҳлат муқаррар кард.

Бобати дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар шаҳр ва ба ин васила фароҳам овардани шароитҳо баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳо дар бозори истеъмолӣ, дар ҷаласа Раиси шаҳр таъкид сохт, ки 20 августи соли ҷорӣ Маҷмааи саводи муосири «Пойтахт-90 », воқеъ дар кӯчаи Меҳнати ноҳияи И. Сомонӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ  сохта шудааст, ба масоҳати беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ тариқи иҷора ба истифода дода мешавад. Феълан дилхоҳ соҳибкороне, ки дар фаъолияти соҳикориашон ба таблиғи молу маҳсулоти брендҳои маъруфи ҷаҳонӣ шуғл доранд, имкон пайдо мекунанд, ки мутобиқ ба брендҳои мутабаллиғашон нуқтаҳои савдои замонавиро ба иҷора гиранд.