Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 June 2010

14 июни соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид  Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ  оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории пойтахт баргузор гардид.

Қабл аз ҳама таваҷҷӯҳи Раиси шаҳр ба вазъи  таъминоти аҳолӣ  ва дастрасии он ба маводи хушсифати озуқаворӣ  дар бозори истеъмолии пойтахт равона гардида, дар асоси супориши шаҳрдорӣ  натиҷаи санҷиши анҷомдодаи комиссияи салоҳиятдори депутатӣ  ва сохторҳои масъули назоратию ҷамъиятӣ  оид ба фаъолияти бозорҳои шаҳрӣ  дар ҷаласа шунида шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин зимн бо хулосагирӣ  дастур фармуд, ки масъулини бозорҳо ва сохторҳои назоратӣ  набояд фаромӯш созанд, ки оид ба ѓановати бозори истеъмолӣ  ва амнияти истеъмолии шаҳрвандон дар доираи салоҳияти худ масъулияти шахсӣ  мебаранд ва дар доираи тадбирҳои роҳандозинамудаи шаҳрдорӣ  бо истифода аз имкониятҳои бозор ва қарзҳои буҷавӣ  интиқоли маҳсулоти ниёзи мардумро чӣ  бо ташкили хоҷагиҳои истеҳсолӣ  ё хариди бевоситаи маҳсулот аз истеҳсолкунандагон новобаста аз мавсим таъмин созанд. Зеро пурфайз ва дастрас намудани сабади истеъмолии сокинон ва дар ин роҳ таъмини амнияти истеъмолӣ  ва ҳимояи ҳуқуки истеъмолкунандагон чун ҳамеша аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе  буда, нисбати саҳлангорон, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ  хилофкорӣ  менамоянд, таври қотеъона тадбирҳои қонунӣ  андешида хоҳанд шуд.

Зикр гардид, ки  дар мӯҳлати як ҳафта камбудиҳои ҷайдошта аз ҷониби тамоми рохбарони бозорҳои дар каламрави шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ  фаъолияткунанда бартараф карда шуда, нисбати саривақт аз вокеияти фаъолият  ва мушкилоти мизоҷон оид ба рафъи мушкилоташон бархудор гардидани шаҳрдорӣ , бидуни ахбороти ҳамарӯзаи расмии масъулин, ҷиҳати иртиботи бевосита почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com дар бозорҳо насб карда шаванд.

Бо рабт ба ин масъала дар ҷаласа бобати ташкили назорати қатъӣ  оид ба сифати маҳсулоти дар бозорҳо ба фурӯш гузошташаванда ва пешгирии мизоҷон аз касалиҳо ҳайати кормандони лабораторияҳои бойтории тамоми бозорҳо бинобар саҳлангорӣ  дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ   сабукдӯш гардида, масъулини КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе», Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ , раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва бахши Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба шаҳри Душанбе муваззаф карда шуданд, ки дар ин самт фаъолияти хизматиашонро пурзӯр намоянд. Муқаррар гардид, ки ҳамчун мӯҳлати охирин дар муддати як моҳ оид ба барчидани тарозуҳои ѓайристандартӣ  тадбирҳои воқеӣ  андешанд.

Ҳамзамон КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» вазифадор гашт, ки дар мӯҳлати ду ҳафта тамоми соҳибкорони дар бозорҳои шаҳрӣ  фаъолияткунандаро бо шаҳодатномаҳо таъмин сохта¸ ҷиҳати роҳ надодан ба фаъолияти монополистии соҳибкорон дар бозорҳо, ки ба баландравии нарх метавононанд боис гарданд чораҳои қонунӣ  роҳандозӣ  намуда, оид ба хизматрасонӣ  ва ѓановати «Гӯшаҳои деҳқон» дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт чораҳо андешад.

Инчунин дар ҷаласа вазъи таъминоти аҳолӣ  бо оби нӯшокӣ , хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмири роҳҳо ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон мавриди муҳокима қарор гирифта, ба масъулин низ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бо дахли масоили сохтмон ва меъморӣ  зикр гашт, ки бо инобати камбуди замин дар марзи маъмурии шаҳри Душанбе, ки ҳамагӣ  12,6 ҳазор гектар заминро ташкил медиҳад, қабули аризаи шаҳрвандон барои ҷудо намудани қитъаи замин оид ба сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ  қатъ карда шавад.

Дар ин зимн, маротибаи дигар барои ҳалли ин гуна муроҷиатҳо муқаррар карда шуд, ки ба шаҳрвандони дар минтақаҳои маскунӣ  сукунатдошта дар асоси дархосташон хоҳ тариқи инфиродӣ  ё дастаҷмъӣ  бо ҳамсоягон тибқи Нақшаи генералии шаҳр оид ба азнавсозии манзилҳояшон барои сохтмони манзилҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрквартирадор иҷозат дода шавад.

Дар робита ба татбиқи Нақшаи генералии шаҳр дар қисмати кӯчаҳои протоколӣ  (кӯчаи А.Дониш - С. Айнӣ  -хиёбони Рӯдакӣ -Чорбоѓ), ки бо тасмими шаҳрдорӣ  то ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар амалӣ  гардонида мешаванд, дар асоси талаботи Нақшаи генералӣ  муқаррар гардид, ки минбаъд бо бартрафсозии биноҳои мавҷудаи камоёшнаи дар шафати роҳҳо ҷойгирбуда,  ки аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқукии дархосткунанда ҳамчун фармоишгар ҷуброни нархи бозории квартираҳо ба соҳибмулкон таъмин карда мешаванд, сохтмони биноҳои баландошёнаи маъмурӣ  бо инобати марказҳои мухталифи хизматрасонӣ  дар ошёнаи аввал ба анҷом мерасанд.

Ҳамзамон мувофиқ ба иҷрои Қарори марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раисони ноҳияҳои пойтахт якҷоя бо кумитаи заминсозӣ  ва сарраёсати меъморӣ  ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки барои эҳтиёҷоти сокинони шаҳр, ки ба парвариши чорвои хонагӣ  ниёз доранд дар чор минтақаҳои дар таносуби ноҳияҳо муқаррар гардида то 1 сентябри соли 2010 вобаста намудани қитъаҳои заминро барои бунёди  нуқтаҳои парвариш ва нигаҳдории чорвои хонагӣ  ҳаллу фасл созанд.