Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 July 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 285-14 аз 3.07.2014

 

Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо дар мақомоту сохтор, корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидори дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, бо истифода аз насб намудани камераҳои мушоҳидавӣ, овезаҳо оид ба нарх ва тарифҳои кору хизматрасониҳои пулакӣ дар даромадгоҳҳо

 

Бо мақсади татбиқи чораҳо вобаста ба пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо, беасос баланд бардоштани нархҳои танзимшавандаи давлатӣ (тарифҳо барои маҳсулот, мол ва хизматрасонӣ), баланд бардоштани нархҳои фурӯши яклухти дар мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ зимни пешниҳоди эъломияи бақайдгирифташуда, риоя накардани нарх ва тарифҳои аз ҷониби мақомоти танзимкунандаи фаъолияти монополияҳои табиӣ муқарраршуда дар мақомоту сохтор, корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидори дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, бо истифода аз насб намудани камераҳои мушоҳидавӣ, овезаҳо оид ба нарх ва тарифҳои кору хизматрасониҳои пулакӣ дар даромадгоҳҳо, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддахои 555 ва 558 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон,  моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо дар мақомоту сохтор, корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидори дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, бо истифода аз насб намудани камераҳои мушоҳидавӣ, овезаҳо оид ба нарх ва тарифҳои кору хизматрасониҳои пулакӣ дар даромадгоҳҳо чораҳои зарурӣ андешида, дар ин робита муқаррароти зикргардидаро бо ҷалби намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе то 1 сентябри соли 2014  таъмин намоянд.

2. Насби камераҳои мушоҳидакунанда дар даромадгоҳҳо аз ҷониби мақомоту сохтор, корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидори дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, дар мувофиқа бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, камераҳои насбшаванда аз ҷониби раёсатҳои мазкур ба қайд гирифта шаванд.

Насби овезахо оид ба нарх ва тарифҳои кору хизматрасониҳои пулакӣ дар даромадгоҳҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ - Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори маҳаллии он дар шаҳри Душанбе амалӣ карда шаванд.

         3. Ба инобат гирифта шавад, ки барои амалисозии пурраву саривақтии муқаррароти дар бандҳои 1 ва 2 Қарори мазкур зикргардида, дар мавриди насби камераҳои мушоҳидакунанда ва овезаҳо оид ба нарх ва тарифҳои кору хизматрасониҳои пулакӣ дар даромадгоҳҳо муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе масъулиятро ба зимма дошта, аз натиҷаи иҷрои онҳо то 1 сентябри соли 2014 ба Раиси шаҳри Душанбе ахбори муфассал пешниҳод менамоянд.

          4. Муқаррар карда шавад, ки барои беасос баланд бардоштани нархҳои танзимшавандаи давлатӣ (тарифҳо барои маҳсулот, мол ва хизматрасонӣ), баланд  бардоштани  нархҳои фурӯши  яклухти  дар  мақомоти  давлатии  зиддиинҳисорӣ зимни пешниҳоди эъломияи бақайдгирифташуда, риоя накардани нарх ва тарифҳои аз ҷониби мақомоти танзимкунандаи фаъолияти монополияҳои табиӣ муқарраршуда шахсони  воқеӣ  ва  ҳуқуқии ин ҳуқуқвайронкуниро содирнамуда,

тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.

       5. Қарори мазкур ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраршуда дар мақоми ваколатдори давлатӣ аз қайди давлатӣ гузаронида шавад.

       6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. гузошта шавад.

                                                         М.УБАЙДУЛЛОЕВ