«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 July 2014

        Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №737 аз 13 декабри соли 2013 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №332 аз 4 июни соли 2013 «Дар бораи баргузории тендер» оиди интихоби пудратчии иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» барои:

         -марҳилаи дувоздаҳум- таъмини таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири соҳаи тиб барои иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавии дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» бо тариқи тақсимбандии зайл:

-Лоти №14а «Таҷҳизот барои таъмири нақлиёти тиббӣ»;

-Лоти №15 «Таҷҳизоти тиббӣ барои ҳуҷраҳои табобатӣ дар шуъбаҳои беморхона»;

-Лоти №16 «Таҷҳизот барои хӯроктайёркунӣ дар ошхона»;

-Лоти №17 «Мебел барои тамоми зерсохторҳо»;

-Лоти №18 «Панелҳои болоикатии беморон ва воситаҳои овезон»;

-Лоти №19 «Таҷҳизоти безараргардонӣ (автоклав)»;

-Лоти №20 «Таҷҳизот барои майитхона»;

-Лоти №21 «Оргтехника ва дастгоҳи назорати аудио ва видеогӣ»;

-Лоти №22 «Таҷҳизот барои ҷомашӯйхона»;

-Лоти№23 «Таҷҳизоти фармасевтӣ»;

-Лоти №24 «Ашёҳо ва воситаҳои хоҷагидорӣ»;

-Лоти №25 «Маводҳо ва воситаҳои масрафшаванда»;

-Лоти №26 «Инвентари мулоим»;

-Лоти №27 «Тренажерҳои таълимӣ ва таҷҳизоти намунасозӣ (симуляционная)»     

 

ТЕНДЕРИ КУШОДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУД ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

 

      Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ тибқи Шартҳои махсуси тендери кушоди байналмиллалӣ ҷиҳати интихоби молрасони таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири соҳаи тибби иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст», иштирок карда метавонанд

 

1.Дархост ҷиҳати иштирок ба тендери байналмилалӣ на дертар аз 7 рӯз то оғози тендер.

2.Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва Иқтибос аз Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқӣ (агар ташкилоти хориҷӣ бошад ба таври ҳатмӣ бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодани филиали худ легализатсия шуда, дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шавад).

3.Иҷозатномаи махсус барои хариду фурӯши таҷҳизоти тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст (довталаби хориҷӣ низ бояд чунин Иҷозатномаро дошта бошад).

4.Маълумотномаи Нозироти андоз оиди дар давоми як моҳи то оғози рӯзи тендер дар назди буҷети давлатӣ қарз надоштани ташкилот (ё филиали довталаби хориҷӣ).

5.Маълумоти довталаб оид ба таҳвили таҷҳизотҳои тиббӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарҷи нархи ҳар як таҷҳизот аз рӯи борхатҳои мавҷуда дар давоми 3 соли охир.

6.Номгӯйи таҷҳизоти тиббии харидашаванда бо нишон додани давлати истеҳсолкунанда, сертификати сифат, дастурамали исти-фодабарӣ (ҳатман бо забони русӣ бошад), нарх бо сомонӣ ва асъори ИМА бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон.

7.Пешниҳоди тендерӣ бо дарҷи мӯҳлати таҳвили таҷҳизот ва арзиши пешниҳод.Таҳвили пешазмуҳлат иҷозат дода мешавад.

8.Кафолати бонкӣ дар ҳаҷми 2%-и арзиши дархости тендерӣ ҷиҳати таъмини пешниҳоди тендерӣ;

9.Шартҳои таҳвили DDU (васл, санҷиш, ҷурмкунӣ (пуско-наладочные работы ва омӯзонидани кадрҳои соҳавӣ барои таҷҳизот ва дастгоҳҳои марбута то 2 сол) риоя карда шавад.

10.Довталаб метавонад дар як ва якчанд лотҳо иштирок намояд.

11.Дар пешниҳоди тендерии довталаб арзиши таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири соҳаи тиб бо дарназардошти хароҷотҳои нақлиёт, гумрукӣ, андозҳо, васл, санҷиш, ҷурмкунӣ (пуско-наладочные работы) ва омӯзонидани кадрҳои соҳавӣ барои таҷҳизот ва дастгоҳҳои марбута то 2 сол пешниҳод карда шавад.

12.Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер.

Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ, довталабон метавонанд ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев-24, бо телефонҳои 221-14-45, 233-77-56 ва email: dushanbe80@yahoo.com ,  zokirk@ayndex.com  то санаи 12 августи соли 2014 муроҷиат намоянд.

Рӯзи гузаронидани тендер 15 августи соли 2014, соати 15:00

Макони баргузории тендер: Бинои маъмурии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев-24

Эзоҳ: Мӯҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 12:00-и 14 августи соли 2014.

 

Перечень  медицинскых и немедицинскых оборудовании (лот №14а-27)