Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 July 2014

23 июли соли 2014 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, шӯӯроҳои маҳаллаҳою шаҳрак ва дигар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳрро ба истиқболу таҷлили сазовори иди моҳи шарифи Рамазон ва дар робита ба он эҳтиромгузорӣ ба ҳамдигару покиза нигаҳдории хонаву муҳити зист, дасти кӯмак дароз кардан ба ниёзмандон ҷалб карда, аҳли ҳузорро аз тадбири ба тозагӣ анҷомдодаи шаҳрдорӣ бобати ба танзимдарории нарху навои маводи ниёзи аввалияи мардум шинос намуд.

Таъкид кард, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ дар  шаҳри Душанбе ба муносибати иди моҳи шарифи Рамазон дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо молистеҳсолкунандагон, субъектҳои хоҷагидорӣ, соҳибкорон, фурӯшандагон, комиссияҳои назорати ҷамъиятии Мақомоти намояндагии маҳаллии хокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 326 аз 23 июли соли 2014 «Дар бораи ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ дар  шаҳри Душанбе ба муносибати иди шарифи Рамазон» ба имзо расонида шуд.

Мутобиқ ба он пешниҳоди  молистеҳсолкунандагон, субъектҳои хоҷагидорӣ, соҳибкорон ва фурӯшандагон дар шаҳри Душанбе  бобати аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз соати 18 то 21 рӯзҳои 25, 26 ва 27 июли соли 2014 дар 24 маҳаллаи ноҳияи Фирдавсӣ, 20 маҳаллаи ноҳияи Сино, 17 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур ва 11 маҳаллаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аз соати 8:30 то 17:30 дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе (Корхонаҳои воҳиди давлатии  бозорҳои «Саховат», «Деҳқон», «Шоҳмансур» ва «Қарияи Боло») ба фурӯши чакана гузоштани 1 литр шир бо нархи 3 сомонӣ,  1 кг шакар 4 сомонӣ, 10 дона тухм 6 сомонӣ, 1 кг гӯшти гов 35 сомонӣ, 1 кг биринҷи истеҳсоли ватанӣ то 8 сомонӣ ва 1 кг биринҷи истеҳсоли Покистон ва Таиланд аз 4 то 4,5 сомонӣ ҷонибдорӣ ёфта, мавриди иҷро қарор дода мешавад. 

Инчунин дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ номгӯй ва нархи фурӯши чаканаи 20 намуд маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ барои рӯзҳои 25, 26 ва 27 июли соли 2014: 1 кг  орди навъи якум то 2,7 сомонӣ, ё худ як халта орди  50 кг то 135 сомонӣ,  нон  (200 г) 1 сомонӣ, хлеб (400 г)  2 сомонӣ, шир 3 сомонӣ,  макарон 1 кг 4,5 сомонӣ, биринҷи ватанӣ 1 кг то 8 сомонӣ, биринҷӣ истеҳсоли Покистон ва Таиланд 1 кг аз 4 то 4,5 сомонӣ,  каротшка то 1,7 сомонӣ,  пиёз то 1,5 сомонӣ,  сабзӣ то 2,5 сомонӣ,  карам то 1,6  сомонӣ,  гӯшти гов то 35 сомонӣ,  гушти гӯсфанд то 36 сомонӣ,  помидор то 2 сомонӣ,  бодиринг то 2,5 сомонӣ, равғани пахта то 7 сомонӣ, тухм 10 дона 6 сомонӣ,  шакар 4 сомонӣ, чака то 7 сомонӣ,  тарбуз 1 кг -1 сомонӣ,  харбуза 1 кг – 2 сомонӣ  қобили қабул дониста шуд.

Масъулияти ташкил ва баргузории ҳатмии фурӯши ярмаркавии маҳсулоти зикргардида дар шаҳраку маҳаллаҳо бошад бевосита ба зиммаи раисони ноҳияҳои шаҳр (Фирдавсӣ – Алиев С.А., Сино- Сафаров З.А., Шоҳмансур – Бобоев С.Қ ва И. Сомонӣ – Қурбонов А.Ҷ.) ва дар ҳудуди бозорҳо ба зиммаи роҳбарони аввали бозорҳои коммуналӣ ва хусусии  шаҳри Душанбе вогузор  гардид.

Дар ин росто Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои зиддисухторӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ ва беҳдошти маҳсулоти кишоварзию амнияти истеъмолии сокинон дар бозорҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо дар рӯзҳои зикргардида тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Бо шарҳи муфассалоти ин тадбири андешидашуда Раиси шаҳр аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки бобати таъмини муқаррароти Қарори марбута ва дар доираи он ҳимояи ҳуқуқуҳояшон бетарафӣ зоҳир насозанд.

Идома бар он баҳри истифода аз фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон барои дастгирии ҳамаҷониба ва пайвастаи оилаҳои ниёзманди шаҳр дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Э. Раҳмон дар ҷаласа қарор гардид, ки аз 23 то 28 июли соли ҷорӣ фитри рӯза ва закоти рӯзадорон танҳо ба оилаҳои камбизоату ниёзманди шаҳр дода шавад, ки якдилона аз ҷониби  имомхатибон ва фаъолони шаҳр пазируфта шуд. 

Дар фарҷом ба сохторҳои хизматрасонии шаҳр дастур гардид, ки дар рӯзи иди Рамазон ҷиҳати роҳандозии хушсифати анҷоми вазифаҳои таъинотии хизматӣ   тадбирҳои муассир андешанд.