«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 August 2014

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавӣ»-и Мақомоти иҷроияи   маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ  дар  шаҳри Душанбе    аз  31  июл  то  30   августи   соли 2014 озмун  эълон  менамояд.

Довталабон барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавӣ» - и Мақомоти иҷроияи   маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ дар  шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои зеринро:

 

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи    

  4X6 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 

- нусхаи шиноснома;

 

ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад.

 

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  30    августи  соли 2014.

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56,   221-35-68  муроҷиат  намоянд.

 

Қарори раиси   шаҲри    Душанбе №310-2 аз  15  июли  соли 2014

 

Дар  бораи эълон намудани озмун барои

ишғоли   вазифаи директори   Муассисаи

давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии

иншооти варзишии оммавӣ»-и Мақомоти

иҷроияи   маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ 

дар  шаҳри Душанбе

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                    ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1.Барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавӣ»-и Мақомоти иҷроияи   маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ  дар  шаҳри Душанбе    аз  « 31 »  июл  то  « 30 »   августи   соли 2014 озмун  эълон намуда,  натиҷаи он на дертар аз « 4 » сентябри соли 2014  ҷамъбаст  карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

    М.УБАЙДУЛЛОЕВ