Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 August 2014

Дар бораи ҷараёни иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо» ва «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай»

 

 

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисоботи раисони ноҳияҳои шаҳри Душанберо «Дар бораи ҷараёни иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо» ва «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» ва маълумотномаҳои комиссияҳои муваққатиро доир ба санҷиш ва назорати ҳолати омодагии ноҳияҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, қайд менамояд, ки баҳри сазовор гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор хиёбону кӯчаҳои пойтахт силсилаи корҳои ободонӣ, ба монанди таъмиру рангубор кардани канорасангҳои марзии роҳҳо, тоза намудани ҷӯйбору селпартоҳо гузаронида шуда, кор дар ин самт идома дорад.

 

Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои сабзкорӣ дар як қатор хиёбону кӯчаҳои шаҳр шинонидани гулҳои мавсимӣ, инчунин ободонии гулгашту хиёбонҳо ва тоза намудани дарахтон аз шохаҳои навруста ба анҷом расонида, зиёда аз 500 000 (панҷсад ҳазор) ниҳоли гулҳои мавсимӣ барои шинонидан омода карда шудаанд.

Айни ҳол дар хиёбону кӯчаҳои шаҳр дар маҷмуъ зиёда аз 30 285 бех дарахту бутта, дар масоҳати 13 160 м2 гулҳои бисёрсола, 27 340 м2 гулҳои мавсимӣ ва дар масоҳати 42097 м2 чаман (газон) сабзонида шудааст.

Дар натиҷаи фаъолияти самарабахши комиссияҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳҳои кории салоҳиятнок дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 982 адад иншооти ѓайриқонунӣ, 10257 метри тӯлонӣ симтӯру панҷараҳои иҳотавӣ ва 32035 м2 қитъаҳои замини ѓасбгардида ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Сарфи назар аз ин, камбудию қонуншиканиҳои ошкоргардида андешидани тадбирҳои мушаххаси фавриро то баргузории чорабиниҳои номбурда, ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигии шаҳру ноҳияҳоро ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ, таъмини ҳолати хуби санитарию экологӣ вобаста ба тозагӣ, партовҷамъкуниву партовбарорӣ ва сабзкорӣ дар ҳар як шаҳраку маҳалла, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ташкилоту идора ва корхонаву муассиса, инчунин вусъатбахшии корҳои тарѓиботию ташвиқотӣ  ва ҳавасмандгардониро дар самтҳои зикргардида  тақозо менамояд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтару самарабахш ба роҳ мондани иҷроиши Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо» ва «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» мутобиқи талаботи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 

ҚАРОР МЕКУНАД:

1. Ҳисоботи раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе «Дар бораи ҷараёни иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо» ва «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» ба инобат гирифта шавад.

2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Фирдавсӣ-Алиев С.А., И. Сомонӣ-Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур-Бобоев С.Қ. ва Сино-Сафаров З.А.) то 31 августи соли 2014 иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №190 аз 12 майи соли 2014 «Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо»-ро дар сатҳи то 80 дарсад ва то 1 октябри соли 2014 пурра таъмин намуда, дар равобит ба ин:

- фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятиро баҳри иҷрои корҳои банақшагирифта ва вусъатдиҳии амалҳои созандагию ободкорӣ равона  ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва муҳайё кардани шароити муносиби зиндагии сокинони шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд;

- Барномаи замимагардидаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва сазовор гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди татбиқи пурра қарор диҳанд;

- дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба фаъолияти хадамоти муҳандисию коммуникатсионӣ, инфраструктураи маишию хизматрасонӣ ва савдо мусоидат намоянд;

- азнавсозии пиёдароҳҳоро бо гузоштани сафолакҳои сангину бетонӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорону соҳибмулкони бинову иншоотҳои дар шафати пиёдароҳҳо воқеъбуда таъмин созанд;

- то 31 августи соли 2014 тозакунии санитарии дарахтонро дар миқёси ноҳияҳо ба анҷом расонанд;

- фаъолияти пурра ва меъёрии фаввораҳои дар тавозуни ноҳияҳо, инчунин дар тавозуни корхонаву ташкилотҳо бударо таъмин намоянд;

- дар якҷоягӣ бо сохторҳои қудратии ноҳия ва мақомоти санитарӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани савдои кӯчагӣ чораҳои иловагӣ андешанд;

- ҷиҳати таъмини назорат вобаста ба риояи Тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безараргардонии партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 186 аз 1 апрели соли 2010 тасдиқ гардидааст, дар майдончаҳои партовҷамъкунӣ аз ҳисоби сокинони шаҳраку маҳаллаҳо навбатдории доимиро аз соати 700 то соати 1900 ва насби камераҳои мушоҳидавиро ташкил намоянд;

- бо ҷалби васеи институтҳои шаҳрвандӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ татбиқи амалии Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №150-15 аз 16 октябри соли 2008 тасдиқ ва таҳти №521 аз 27 марти соли 2009 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бо истифодабарии санксияҳои ҷаримавии дар он пешбинишуда, амалӣ созанд.

3. Таъмини назорати ҷамъиятии иҷрои саривақтӣ ва сифатноки Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо» ва «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» дар радифи комиссияҳои муваққатии бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №141-15 аз 11 июли соли 2013 таъсисёфта, инчунин ба зиммаи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ва гурӯҳи фаъолони фейсбук вогузор карда шавад.

4. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., шуъбаи коммуналию муҳандисии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута лоиҳаи Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанберо вобаста ба танзимдарории партофтани партовҳои сахти маишӣ ба майдончаҳои партовҷамъкунӣ аз ҷониби шаҳрвандон бо бақайдгирии минбаъдаи он дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

5. Ба ҷадвали пахши барномаҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» таѓйирот ворид намуда, ҳамарӯза аз соати 1930 то 2030  таҳия ва пахши барномаи «Набзи шаҳрдорӣ» ба роҳ монда шавад.

6. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ инъикоси васеи Қарори мазкурро таъмин намояд.

 

7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ (Абдурасулов А.), ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ (Сатторӣ И.), нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо (Сафялоев С. Ѓ.), илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг (Шарифов З. Р.), муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе гузошта шавад.

 

 

             РАИСИ                                               

   МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ                                                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ