Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 August 2014

        ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №341 аз 05.08..2014

Дар бораи баргузории вохӯрии намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои ҳисоботи корҳои  тадқиқотии  баҳодиҳии  таъсири  экологӣ  ва  иҷтимоии лоиҳаи НБО – и Роғун         

 

Муроҷиати Гуруҳи тадбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №172/1-7-ГРПСЭЕ аз 1 августи соли 2014 оиди баргузор намудани вохӯрии мушовири ширкати «Пойри Энергҷи» бо намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои ҳисоботи корҳои тадқиқотии баҳодиҳии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи НБО-и Роғунро барраси намуда мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Нақша - чорабиниҳои замимагардида барои омода намудани баргузории вохӯрӣ бо намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои ҳисоботи корҳои тадқиқотии баҳодиҳии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи НБО-и Роғун, ки 16 августи соли 2014, соати 900 дар толори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тасдиқ карда шавад.

2.Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. дар якҷоягӣ бо роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии Нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаро таъмин намоянд.

3.Раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.), ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С. Қ.) бехатарии баргузории вохӯриро ба роҳ монанд.

4.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ таъмин гардонад.

5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ