Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 June 2010

Тибқи Қарори марбутаи шаҳрдорӣ  нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  оид ба таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ  тасдиқ гардид.

Мутобиқ ба он  27 июн соати 10 -00 дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон», ба номи С.Айнӣ ва майдони «800-солагии Москва» сайругашти оммавии шаҳрвандон,  ҳунарнамоии санъаткорон, намоиш ва фурӯши маҳсулоти каннодӣ ва соати 18-00 чорабинии идона бо иштироки шоиру нависандагон ва ҳунармандони ҷавонони эҷодкор дар Боғи устод Рӯдакӣ ва консерти идона таҳти унвони «Навои Ваҳдат» дар Амфитеатр бо иштироки устодони санъат ва эҷодкорони ҷавонони пойтахт баргузор карда мешаванд.

Дар арафаи ин санаи фархунда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ва сохторҳои он мулоқоту вохӯриҳои шаҳрвандон  бо ширкати фаъолони Шӯрои Ҳаракати ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе,  вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо инобати намоишгоҳи китоб таҳти унвони «Саодати миллат дар ваҳдат аст» дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт доир мегарданд.