Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 August 2014

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-умин солгарди мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ба ифтихори 23-cолагии Истиқлолияти давлатӣ шаҳрдорӣ тибқи анъаноти худ ба маблағи 721,4 млн сомонӣ фондҳои асосиро аз ҳисоби буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ ба истифода медиҳад.

Аз ҷумла, феҳристи фондҳои асосиро бинои иловагӣ барои 640 ҷойи нишаст дар заминаи мактаби таҳсилоти умумии №62,  азнавсозӣ ва таъмири асосии мактабҳои таҳсилоти умумии №№ 34, 37, 52 ва 92, биноҳои истиқоматии 12 ошёна як адад, 9 - ошёна 11 адад ва 5 - ошёна 8 адад бо масоҳати умумии  56,1 ҳазор м2, Меҳмонхонаи панҷситорадори "SHERATON" бо масоҳати умумии  24,4 ҳазор м2, Маҷмааи савдои муосири “Пойтахт-90” бо масоҳати умумии  20,2 ҳазор м2, беш аз 7,72 км ё худ ба масоҳати умумии 87,7 ҳазор м2 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосии роҳҳо ва як дидбонгоҳи қисми сарҳадӣ дар ноҳияи Зафаробод ташкил доданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни сохтмон ва азхудкунии фондҳои асосии мазкур беш аз 3 ҳазор нафар бо ҷойҳои кории муваққатӣ таъмин гардида, бо ба истифода қарор додани онҳо  беш аз 1500 ҷойи нави доимии корӣ дар пойтахт таъсис меёбад.

Дар маҷмуъ дар ҳашт моҳи соли равон аз ҳисоби буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ 983,4 млн сомонӣ фондҳои асосӣ, аз ҷумла 105,4 ҳазор м2 манзили истиқоматӣ, 27,8 ҳазор м2 марказҳои савдо, беш аз 23,8 км таъмири асосии хатҳои муҳандисии зеризаминию ҳавоии роҳҳо,  11,6 ҳазор м2 майдончаҳои варзишӣ, 7,72 км сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосии роҳҳо ва корхонаи истеҳсоли хишт бо иқтидори 5 млн дона  дар як сол ба истифода дода шуданд.