Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 August 2014

Қарори раиси   шаҲри    Душанбе № 347 аз  07 августи соли 2014

 

Дар  бораи такроран эълон намудани озмун

барои ишғоли вазифаи сардухтури  Беморхонаи

бисёрсоҳавии дорои 650 кат бо дармонгоҳ

барои 800 нафар дар як баст

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                              ҚАРОР МЕКУНАМ:

        1.Барои ишғоли вазифаи сардухтури  Беморхонаи  бисёрсоҳавии  дорои   650   кат   бо    дармонгоҳ   барои    800  нафар дар як баст   такроран  аз 11  август   то 15 сентябри  соли 2014 озмун  эълон карда шуда, натиҷаи он на дертар  аз «19» сентябри  соли 2014  ҷамъбаст  карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                                 М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

 

 

 

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи  сардухтури Беморхонаи бисёрсоҳавии дорои 650 кат бо Дармонгоҳ барои 800 нафар дар як баст аз 11  август  то  15 сентябри  соли 2014  такроран озмун эълон менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаи сардухтури Беморхонаи бисёрсоҳавии дорои 650 кат бо Дармонгоҳ барои 800 нафар дар як баст ҳуҷҷатҳои зеринро:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи    

  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

 

ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

          Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то   15   сентябри  соли 2014.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои

221-62-56,   221-35-68  муроҷиат  намоянд.