Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 August 2014

Ба ифтихори 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ва ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №265 аз 17 июни соли 2014 “Дар бораи таҳияи Стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар солҳои 2015-2025”, бо мақсади истифода аз потенсиали ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷалбу ба инобат гирифтани фикру андешаҳои сокинони шаҳр  ҳангоми таҳияи ҳуҷҷати мазкур, озмуни “90 идеяи беҳтарини рушди шаҳри Душанбе” эълон карда мешавад.   

    Озмун миёни сокинони шаҳри Душанбе бо ҷалби институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, бобати ба даст овардани идея ва ташаббусу таклифҳои созанда дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инфросохторӣ гузаронида мешавад.

   Шартҳои асосии озмун: идея ё таклифи креативӣ бояд бо назардошти муҳиммиятнокӣ дар рушду нӯмуи шаҳр, реалистӣ, амалишаванда ва нишон додани роҳи татбиқи он қабул гардида, матни он на камтар аз 90 ҳарф ва на зиёда аз 90 калимаро дар бар гирад.  

     Мӯҳлати гузаронидани озмун 90 рӯз буда, танҳо 90 идеяи дар навбати аввал ба озмун пешниҳодгардида қабул карда мешавад ва барои идеяҳои аз ҳама беҳтарин, ҷойи якум 500 сомонӣ, ҷойи дуюм 400 сомонӣ, ҷойи сеюм 300 сомонӣ, ҷойи чорум 200 сомонӣ ва барои 9 идеяи нисбатан  беҳтари дигар - ҳар кадом 90 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар  гардидааст.   

     Идеяҳо ва пешниҳодҳои креативиро метавонед, тариқи почтаи электронии 90ideya.dushanbe@mail.ru ё паёмаки телефонӣ ба рақами (939)21-90-90, ҳамзамон ба сомонаҳои www.mometavonem.tj ва www.bemiyonaravho.tj  ё тариқи хаттӣ ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба суроғаи кӯчаи Рудакӣ - 48 ирсол намоед.

   Эзоҳ: Ҳамаи 90 идеяи беҳтарин дар шакли китобча бо нишон додани муаллифи он нарш карда мешавад. Аз ин лиҳоз, ҳангоми равон намудани пешниҳод нишон додани рақами телефони мобилӣ, суроға  ва ному насаби муаллиф зарур аст.

   Телефон барои маълумоти иловагӣ: 221-77-48.

  Шахси масъул: Амонов С.Н.