Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 August 2014

16 августи соли 2014 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣоид ба натиҷагирии омодасозии шаҳри Душанбе барои таҷлили 23-солагии Истиклолияти давлатӣва истиқболи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини сохторҳои марбута доир гашт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати самараи роҳандозии  васеи назорати ҷамъиятӣаз рӯи фаъолияти сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣнатиҷаи корҳои тӯли ҳафтаи сипаришуда ба суботрасидаро ғайриқаноатбахш арзёбӣкарда, дастур дод, ки баҳри комёб шудан ба амалисозии муваффақонаи нақшаҳои тарҳрезишуда бо иштироки комиссияҳои ҷамъиятӣҳамарӯза соати 19 дар ноҳияҳо ситоди ҳамоҳангсозии фаъолият баргузор карда шавад.

Дар ин росто баҳри ғанӣгардонидани бозори истеъмолӣ, дастрасии қишрҳои ниёзманди шаҳр ба маҳсулоти ниёзи аввалия директорони бозорҳои коммуналӣва КВД «Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» муваззаф гардиданд, ки тавассути харидорию бастани қарордодҳои мустақим бо истеҳсолкунандагони ватанӣинтиқоли молу маҳсулотро дар бозорҳо афзун намоянд.

Ҳамзамон дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев санаи баргузории тантанаҳои ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе дақиқ карда шуд. Тибқи он тақвими баргузории ҷашнвора ҳафтаи охири моҳи октябри соли равон тариқи зайл муқаррар карда шуд:

- 25, 26 – уми октябр тантанаҳо  дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо;

- 28, 29 – уми октябр Рӯзҳои фарҳанги бародаршаҳри Душанбе –  Санкт - Петербурги Федератсияи Россия;

-  30 - юми октябр ҷаласаи тантанвии ҷашнвора;

         - 31 - уми октябр ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо ва 1-уми ноябр Карнавали идона дар боғи Наврӯзгоҳ.

Дар иртибот ба ин ба дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дастур гардид, ки дар ҳамкорӣбо гуруҳҳои кории таъсисёфта Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанберо баҳри мақсаднок ва пурмуҳтавою вусъат бахшидан ба раванди ободкориҳо тавассути дар замири ҳар як сокини шаҳр ҷойгузин намудани ҳисси баланди масъулияти шаҳрнишинию шаҳрдорӣтаҳия ва пешниҳод намояд.

Дар фарҷом аз ҷониби Раиси шаҳр тадбирҳои андешидаи кадрӣба фаъолони пойтахт муаррифӣкарда шуд, ки мутобиқ ба он Музаффар Исҳоқов – сардори Раёсати сармоягузорӣва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣдар шаҳри Душанбе ва Толиб Раҳимов –сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.