«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 August 2014

23 августи соли 2014 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба натиҷагирии омодасозии шаҳри Душанбе барои таҷлили 23-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва истиқболи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ бо иштироки масъулини сохторҳои шаҳрӣ доир гашт.

Қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати дақиқ гардидани тақвими баргузории таҷлили ҷашнвораи истиқболи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бобати пурмуҳтаво ва созандаву тақвиятдиҳандаи раванди ободкориҳо ва эҳтиром гузоштан ба ҳамзистии осоиштаи таркиби иҷтимоию баланд бардоштани парчами дорандагии шаҳри Сулҳ тарҳрезӣ кардани ҳар як санаи тантана ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа намуда, муқаррар сохт, ки шурӯъ аз 1 сентябр то 1 ноябри  соли 2014 барномаҳои мақсадноки пешбинишуда амалӣ карда шаванд.

Гузашта аз ин, баҳри ба ифтихори 23-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба маблағи 721,4 млн сомонӣ сифатнок фондҳои асосиро аз ҳисоби буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ армуғон сохтани иншооти ҷашнӣ  махсус таъкид намуд.

Зикр гардид, ки феҳристи фондҳои асосиро бинои иловагӣ барои 640 ҷойи нишаст дар заминаи мактаби таҳсилоти умумии №62,   биноҳои истиқоматии 12 ошёна як адад, 9 - ошёна 11 адад ва 5 - ошёна 8 адад бо масоҳати умумии  56,1 ҳазор м2, Меҳмонхонаи панҷситорадори "ШЕРАТОН" бо масоҳати умумии  24,4 ҳазор м2, Маҷмааи савдои муосири “Пойтахт-90” бо масоҳати умумии  20,2 ҳазор м2, беш аз 7,72 км ё худ ба масоҳати умумии 87,7 ҳазор м2 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосии роҳҳо ташкил медиҳанд. Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни сохтмон ва азхудкунии фондҳои асосии мазкур беш аз 3 ҳазор нафар бо ҷойҳои кории муваққатӣ таъмин гардида, бо ба истифода қарор додани онҳо  беш аз 1500 ҷойи нави доимии корӣ дар пойтахт таъсис меёбад.

Дар маҷмӯъ дар ҳашт моҳи соли равон аз ҳисоби буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ 983,4 млн сомонӣ фондҳои асосӣ, аз ҷумла 105,4 ҳазор м2 манзили истиқоматӣ, 27,8 ҳазор м2 марказҳои савдо, беш аз 23,8 км таъмири асосии хатҳои муҳандисии зеризаминию ҳавоии роҳҳо,  11,6 ҳазор м2 майдончаҳои варзишӣ, 7,72 км сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосии роҳҳо ва корхонаи истеҳсоли хишт бо иқтидори 5 млн дона  дар як сол ба истифода дода мешаванд.

Бидуни он дар маҳаллаи “Равшангарон”- ноҳияи Фирдавсӣ барои ду баст беш аз 500 ҷойҳои нави корӣ барои бо шуғли доимии ресандагию дӯзандагӣ фаро гирифтани занони маҳалла Корхонаи воҳиди давдатии “Гулдастони пойтахт - 90” ба истифода дода мешавад.

Дар ҷаласа инчунин, тибқи гузориши роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе  масъалаи ҳолати воқеии ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии шаҳр, пешгирии нуфузи қаллобону миёнаравҳо дар воридсозию мудохилаи онҳо дар нархи  маҳсулоти ниёзи аввалия баррасӣ гардида, ҷиҳати рафъи ин раванди номатлуб баҳри дастрасии қишрҳои ниёзманди шаҳр ба маҳсулоти хушсифат ба масъулин дастуру ҳидоятҳои дахлдор дода шуд.