Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 August 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №384 аз  19.08.2014

 

Дар бораи гузаронидани Иди асал

ва харбуза дар шаҳри Душанбе

   

      Бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии шаҳри Душанбе ва бо дарназардошти муроҷиати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1/9-1822 аз 29 июли соли 2014, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

      1. Иди асал ва харбуза дар шаҳри Душанбе дар санаи 30 августи соли 2014, аз соати 07:00 то 18:00, дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

      2. Макони баргузории чорабинии мазкур дар ноҳияи Шоҳмансур - ҳудуди КВД «Бозори Шоҳмансур», ноҳияи Фирдавсӣ - ҳудуди КВД «Бозори Саховат» ва ноҳияи Сино, ҳудуди КВД «Бозори Деҳқон» ва майдони назди бозори «Қарияи боло»-и КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» муайян карда шавад.

      3. Раисони ноҳияҳои Шоҳмансур - Бобоев С.Қ., Сино - Сафаров З.А. ва Фирдавсӣ - Алиев С.А. якҷоя бо Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Амонов С.Н.) ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Иди асал ва харбуза, аз ҷумла ҳангоми баргузории маросими ифтитоҳ, ташкили саҳна, баландгўяк ва мусиқӣ шароитҳои заруриро муҳайё созанд.

     4. Дар рўзи баргузории чорабинии мазкур дар баробари Иди асал ва харбуза ярмаркаи фурўши маҳсулоти кишоварзӣ низ дар ҳудуди бозорҳои дар банди 1 зикргардида ташкил карда шавад.  

        5. Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Насимов А.Ғ.) қатори мошинҳои боркаши аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ воридшавандаро дар чор дарвозаи даромади шаҳр қабул  ва то бозорҳои зикргардида ҳамроҳӣ намояд.

      6. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Исмоилов Р.) дар доираи салоҳияташон тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини риояи қоидаву меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддисўхторӣ дар маҳалҳои баргузории чорабинии мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

       7. Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.) ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С.) амнияту тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

        8. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

      9. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ