Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 August 2014

 

Қарори  раиси шаҲри Душанбе № 386 аз 19 августи соли 2014

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри

Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили 23-юмин солгарди

Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ѓоявӣ ва бадеӣ  таҷлил намудани ҷашни 23-юмин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба  таҷлили бошукўҳи ҷашни 23-юмин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2.     Муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар мувофиқаву ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва корхонаҳои рекламавӣ тамоми шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони пойтахт дар рўзҳои ид муҳайё сохта,  ороиши идонаи шаҳрро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд.

3.     Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  (Юнусов Н.),  Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид  ба шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Сафаров А.Ф.) ороиши бадеии шаҳри Душанберо ба муносибати ҷашн таъмин намуда, доир ба таъмири  унсурҳои ороишии барқӣ,  гузоштани конструксияҳои ороишӣ бо ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.

4.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар рўзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон, чораҳои зарурӣ андешанд.

5.     Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.     Назорати  иҷрои  Қарори  мазкур  ба  зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

 

                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ