Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 September 2014

Дар бораи ҷудо намудани маблағ

 

Бо мақсади дар арафаи таҷлили ҷашнҳои 23-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 - солагии  мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони рафъи садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил ва амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, оилаҳое, ки дар онҳо ду ва зиёда аз он маъюбон зиндагӣ мекунанд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 8 ва 9  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №3 аз 5 январи соли 2005 «Дар бораи дастгирии фаъолияти эҳсонкорӣ» 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино) барои дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар доираи санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ расонидани кумаки моддӣ ба хонаи пиронсолон, мактаб-интернатҳо, хонаи кўдакону тифлон, муассисаҳои иҷтимоии шаҳрӣ ва оилаҳои камбизоат мусоидат намоянд.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 4 973 800 (чор миллиону нуҳсаду ҳафтоду се  ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ҷиҳати расонидани кумакпулии яквақта, аз ҷумла  1 519 100 (як миллиону панҷсаду нуздаҳ ҳазору сад) сомонӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳое, ки дар онҳо ду ва зиёда аз он маъюбон зиндагӣ мекунанд (тибқи замимаи №1) ва маблағи    3 454 700 (се миллиону чорсаду панчоҳу чор ҳазору ҳафтсад) сомонӣ ба кормандони Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи мадании истироҳатии «Ғалаба»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Раёсати оромгоҳҳо»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе (тибқи замимаи №2)  ҷудо намояд.                                                

3. Тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар банди 2 ҳамин қарор зикргардида тавассути муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр то 9 сентябри соли равон тариқи зайл ба роҳ монда шавад:

- ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияи Шоҳмансур – Ҳакимов Н. Ҳ., ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонова Р. А., ноҳияи Сино – Хайруллоев Н. ноҳияи Фирдавсӣ – Назаров Б. М), бо иштироки намояндагони Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо; 

- ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва оилаҳое, ки дар онҳо ду ва зиёда аз он маъюбон зиндагӣ, мекунанд, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби  муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияи Шоҳмансур- Ҳакимов Н. Ҳ., ноҳияи И. Сомонӣ - Қурбонова Р. А., ноҳияи Сино-Хайруллоев Н., ноҳияи Фирдавсӣ - Назаров Б. М), бо иштироки намояндагони Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе.

4. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо мувофиқи тартиби муайянгардида таъмин намояд.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д. Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монад.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф. У.  гузошта шавад.

       М. УБАЙДУЛЛОЕВ    

 

Ҳисобнома

оиди пардохти кумаки моддии якдафъаина бахшида таҷлили ҷашни 23-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании (ҶБВ) солҳои 1941-1945, муҳосирбудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сосиалистӣ (СССР) барои меҳнати фидокорона, ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфароз гардида, шахсоне, ки шаш моҳ ва зиёда дар давраи ҶБВ дар ақибгоҳ кор карда, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони рафъи садамаи нерўгоҳи барқи-атомии Чернобил, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, оилахое, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндаги мекунанд

Ҳисобнома

оиди пардохти кумаки моддии якдафъаина бахшида ба таҷлили чашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон