Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 September 2014

Ба ифтихори 23 –юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ  мутобиқ ба анъаноти худ шаҳрдории Душанбе як зумра шаҳрвандонро аз категорияҳои низёманди шаҳр бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.

Ин навбат барои қадргардонии  6276 нафар сокинони марбут ба категорияҳои мухталиф тибқи ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 420 аз 5 сентябри соли 2014 аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ  4 млн. 973 ҳазору 800 сомонӣ бо дарназардошти ба 106 нафар маъюбон ва иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, панҷ нафар  ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва 3683 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба андозаи 900 сомонӣ,  326 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград ва 1262 нафар оилаҳое, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндагӣ мекунанд ба ҳар кадом ба андозаи 700 сомонӣ  ва ба 70 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, 253 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, 112 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 74 нафар маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва 280 нафар кормандони сохторҳои кабудизоркунӣ 500 сомонӣ, барои расонидани кӯмакпулии яквақта ҷудо карда шуд.

Кӯмаки молиявии мазкур тибқи муқаррароти Раиси шаҳр аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои пойтахт то 9 сентябри соли 2013 дар расми тантанавӣ ба категорияҳои зикргардида тақдим карда мешаванд.

Дар ин хусус 8 сентбяри соли 2014 дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» зимни баргузории ҷаласаи тантанвӣ бо иштироки раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, субъектҳои хоҷагидорӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр, ки дар рушду нумӯи пойтахт саҳми арзанда доранд аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид карда шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар кадоми онҳо ва дар симаташон кулли ҷамоатчигии шаҳрро бобати саҳми арзандаашон дар ободонию тараққиёт ва ҳамкориҳои рӯзафзунашон дар татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр изҳори сипос намуда, бо ибрози таманниёти самимӣ итминон баст, ки  минбаъд низ нерӯ, имконот, масъулият, таҷриба ва малакаи созандагии онҳо ба нафъи ҷомеаи пойтахт раҳнамун гардида, онҳо дар ҳифзу таҳкими арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва дар ин росто риоят намудани танзими расму ойин ва роҳ надодан ба исрофкориҳо, истеҳком бахшидан ба ҳамзистии осоиштаи ҷомеа ва пешрафти шаҳр дар фазои суботу соҳибистиқлолии кишвар муваффақтар мегарданд.