Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 September 2014

ҚАРОРИ    МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 210 -19 аз 31.07. 2014

 

Дар бораи номивазкунии кӯчаи

Молодая гвардияи  шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади ҷовидон гардонидани номи меъмор Каримов Рустам Ҷалолитдинович, ки дар рушди соҳаи меъморӣ ва ободонии шаҳри Душанбе саҳми арзанда гузоштааст, бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №55 аз 30 майи соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мутобиқи қонунгузорӣ ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки дар тараққиёти пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ё ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», мутобиқи моддаҳои 8 ва 9  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Точикистон»,  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

                                     

ҚАРОР     МЕКУНАД:

 

1. Номи кӯчаи  Молодая гвардияи шаҳри Душанбе ба номи меъмор Каримов Рустам Ҷалолитдинович  иваз карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ (Алиев С.А.) бақайдгирии сокинони кӯчаи мазкурро анҷом дода, дар он нишонаҳои марбутаро насб созад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ гузошта шавад.

 

              Раиси 

    Маҷлиси вакилони

    халқи шаҳри Душанбе                                 М.  УБАЙДУЛЛОЕВ