«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 June 2010

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТӣДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

                                        

Тибқи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 349 аз 15 июни соли 2010 «Дар бораи эълони озмуни асарҳои беҳтарин бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ба

 

озмун даъват менамояд

 Ш А Р Т Ҳ О И

озмуни асарҳои  беҳтарин бахшида ба 20 - умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Озмун аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 15 июн  то 1 сентябри соли 2010 гузаронида мешавад.

Мавзӯи озмун: Пешниҳоди беҳтарин шеър ва мусиқӣ (кантата, оратория, увертюра барои оркестри муттаҳида, ҳамсароён, солистон, ки дар ҷараён ва оғозу анҷоми барномаҳои фарҳангӣ истифода мешаванд) дар васфи соҳибихтиёрии кишвар.

Мақсади озмун: Дарёфт намудани тарз, усул, шакл ва мазмуну мӯҳтавои беҳтарин баргузории тадбирҳои ҷашнӣ, ки ба густариши сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқат мусоидат мекунад ва намоиши дастовардҳои муосири фарҳанги ҷомеъаро дар бар мегирад. Инъикоси бадеии Душанбе чун маркази сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, чун шаҳри сулҳ, тамаддуни муосир, ташаббускори идеяи созандагиву бунёдкорӣ.

Шакли озмунҳо: Озмунҳо дар шакли кушод дар як давр гузаронида мешавад. Дар озмунҳо (эҷоди 17 матни беҳтарини суруд, 17 мусиқии беҳтарин ва 5 шеъри беҳтарини ватанпарварона) ҳар як шаҳрванд, гурӯҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд ширкат намоянд.

Шарт ва мӯҳлати озмунҳо: Асарҳо ба озмунҳо дар панҷ нусха то 1 сентябри соли 2010 ба Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 18 пешниҳод карда шавад, ки дар рӯи лифофа мавҷудияти қайди «Ба озмун» зарур аст.

Ҳайати ҳакамон асарҳои пешниҳодшударо то 7 октябри соли 2010 муҳокима намуда, тариқи овоздиҳии пӯшида ғолибонро муайян менамоянд

Довталабе, ки ба гирифтани овози бештари ҳайати ҳакамон мушарраф мегардад, ғолиб дониста мешавад.