Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 September 2014

Тантанаҳои ҷашни истиқболи  90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри дилорои Душанбе тибқи тақвими муқаррарнамудаи шаҳрдорӣ 9 рӯз идома хоҳанд кард.

Пазиройии ҷашне, ки душанбегиён ба ифтихораш таи 900 рӯз омодагӣ доранд 11 октябри соли равон тариқи роҳандозии маъракаи ободонии дастаҷамъонаи ҳар як сокини шаҳр аз хонаву дар, ҳавливу кӯча, шаҳраку маҳалла, гулгашту боғҳо таҳти шиори «Мо метавонем!» оғоз мегардад.

Идома бар он 12 октябри 2014 ҷашнвора дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳо аз соати 10- субҳ оғоз гардида, дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи савдо Пойтахт 90» намоиш – ярмакаи маҳсулоти ниёзи аваалия барои ғановати дастурхони идонаи сокинон ва намоиши ҳунарию  фароғатӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Рӯзҳои 13 –уми октябр дар Боғи устод Рӯдакӣ  барои сокинони ноҳияи И.Сомонӣ, 14 –уми октябр дар майдони 800-солагии Москва барои сокинони ноҳияи Шоҳмансур, 15-уми октябр дар Боғи Дӯстии Халқҳо барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ ва 16-уми октябр дар боғи Кӯли ҷавонон барои сокинони ноҳияи Сино соати 17-30 бо иштироки бевоситаи Раиси шаҳр тантанаҳои ҷашнӣ доир карда мешаванд.

17 октябр бошад Рӯзҳои Санкт-Петербург тибқи барномаи алоҳида дар шаҳрамон оғоз гардида, 18 октябр, соати 10-00 ҷаласаи тантанавӣ ва консерти идонаи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шахри Душанбе дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  баргузор ва 19- октябр, соати 10-00  Карнавали идонаи сокинони шаҳр дар Боғи Наврӯзгоҳ маъракаҳои ҷашниро анҷом мебахшад.

Дар доираи ин чорабиниҳо тамоми озмунҳои ихтисосии қаблан аз ҷониби шаҳрдорӣ эълонгардида ҷамъбаст ва сокинони 90-солаи пойтахт аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе қадргардонӣ мешаванд.

Ин нуктаҳо дар ҷаласи васеи кории шаҳрдорӣ, ки субҳи имрӯз  27 сентябри соли 2014 бо иштироки фаъолони шаҳр доир гардид, маротибаи дигар аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев матраҳ гашта, аз кулли сокинони шаҳр даъват карда шуд, ки дар танинандозии фазои идонаву ободкориҳо дар шаҳр фаъолона ширкат варзанд.