Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 October 2014

Қарори   раиси шаҲри Душанбе № 416 аз  2 сентябри соли 2014

 

 Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе

баҳри омодагӣ ва таҷлили ҷашни 90-солагии

мақоми пойтахтро доро гардидани шахри Душанбе

 

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни фархундаи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шахри Душанбе, боз ҳам ривоҷу равнақ бахшидан ба марҳалаи созандагиву ободонии шаҳр ва бо дарназардошти  Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 123-12  аз  20 декабри соли 2012 «Дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ :

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шахри Душанбе тасдиқ карда  шавад.

2.     Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар мувофиқаву ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ва корхонаҳои рекламавӣ тамоми шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони пойтахт дар рӯзҳои ид муҳайё сохта,  ороиши идонаи шаҳрро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, иҷрои ҳатмии нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд.

3.     Роҳбарии бадеии консерти устодони санъат дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба зиммаи режиссёр-таҳиягар, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии «Пойтахт-80» Раҷабов Убайдулло, Карнавали идона дар Боғи Наврӯзгоҳ ба зиммаи режиссёр-таҳиягар,директори Муассисаи давлатии  Маркази эҷодии «Илҳом» Ҷалолов Набиҷон гузошта шавад ва муваззаф карда шаванд, ки дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолонаю самарабахши ташкилоту сохторҳои илмию фарҳангӣ ва беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии идона таъмин  намоянд.

4.     Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  (Юнусов Н.И.),  Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид  ба шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Сафаров А.Ф.) ороиши бадеии замонавии шаҳрро ба муносибати ҷашн таъмин намуда, доир ба таъмири  унсурҳои ороишии барқӣ, гузоштани конструксияҳои ороишӣ бо ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.

5.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С.Қ.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, нигаҳдошти реквизиту лавозимот ва экспозитсияву воситаҳои ороишӣ ва пиротехникӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

     Зимнан аз сокинони шаҳр хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ талаботи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва Маромномаи сокини пойтахтро қатъиян риоя кунанд.

6. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбеинъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

 

7.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ