Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 October 2014

6 октябри соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев сурат гирифт.

Ҷаласа ба баррасии омодагиҳои шаҳр ба татбиқи чорабиниҳои тасдиқнамудаи шаҳрдорӣ оид ба истиқболи тантанаҳои марбут ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бахшида шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати мубрамияти масъала, ки  пазиройии ҷашн 11 октябри соли равон тариқи роҳандозии маъракаи ободонии дастаҷамъонаи ҳар як сокини шаҳр аз хонаву дар, ҳавливу кӯча, шаҳраку маҳалла, гулгашту боғҳо таҳти шиори «Мо метавонем!» оғоз мегардад, бо мақсади ҳадафманд баргузор намудани ин чорабинии умумишаҳрӣ ба масъулини шаҳрдорӣ ва раисони ноҳияҳо дастур фармуд, ки нақшаи фарогирии тамоми марзи шаҳри Душанберо бо корҳои ободонӣ таҳия намуда, сафарбаршавандагони маъракаро дар ҷойҳо бо олотҳои меҳнат ва техникаҳои зарурӣ таъмин созанд.

Ҳамзамон зикр сохт, ки барои то ҷашн тибқи технологияҳои муҷассаманигаҳдорӣ ба ифоқа овардани намои тамоми ҳайкалу муҷассамаҳои дар шаҳр мавҷудбуда чораҳои амалӣ андешида шаванд.

Идома бар он аз ҷониби Раиси шаҳр ба тақвими чорабиниҳои дар партави ҷашнвора баргузориашон тарҳрезишуда тағйирот ворид карда шуд. Мутобиқ ба он бо дарназардошти бо иштироки бевоситаи Губернатори шаҳри Санкт-Петербург ҷаноби Полтавченко Г.С. пешбинӣ гардидани баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе санаи ин чорабинӣ 7-8 ноябри соли 2014 муқаррар гардид.