Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 October 2014

Қарори  раиси шаҲри Душанбе № 457 аз 8 октябри соли 2014

 

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси

шаҳри Душанбе  № 416 аз  2  сентябри соли 2014

 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри

Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили ҷашни 90-солагии 

мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе»

 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

            Дар банди 4 замимаи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 416 аз  2  сентябри  соли 2014 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе» калимаҳои «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ» ба калимаҳои «Боғи устод Рӯдакӣ», дар бандҳои 4, 5 ва 6 рақами «17:00» ба рақамҳои «17:30» иваз карда шуда, дар банди 2 баъд аз аломати »  калимаҳои «баргузории чорабиниҳои фарҳангии идона дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе» илова карда, банди 7 ба тариқи зайл хонда шавад:

 

Номгӯи чорабиниҳо

Муҳлати иҷро

Иҷрокунандагон

Шахсони масъул

2.

Баргузор намудани:

- чорабиниҳои фарҳангии идона дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе;

 

- намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ниёзи аввалия, қаннодию хӯрокворӣ, озмуни ороишии сабзавоту мева «Карвинг-2014» ва барномаи фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи  Савдо Пойтахт -90»

 

12 октябри соли 2014,

аз соати 10:00

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва  Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сармуҳаррири рӯз-номаи “Вечерка” Амиршоева Гулнора

Хайруллоев Н.

ҚурбоноваР.А.

Ҳакимов Н.Ҳ.

Мансуров Ҷ.М.

7.

Баргузор намудани чорабинии фарҳангии идона дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» бо иштироки фаъолону зиёиёни ноҳияи   Сино,  ҳамзамон ҳамчун ҷамъбасти  маъракаҳои ҷашнии  ноҳиявӣ  дар пойтахт бо ширкати  150 нафарӣ иштирокчиён аз ҳисоби роҳбарони мақомоти худ-фаъолияти ҷамъиятӣ ва пешқадамони дигар сохтор-ҳои ноҳиявӣ, ҳамчунин 150 нафарӣ тамошобинон аз ноҳияҳои Шоҳмансур, Фир-давсӣ ва Исмоили Сомонӣ ва қабули расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино барои фаъолони ноҳия ва сохторҳои ҷумҳуриявию шаҳ-рие, ки дар ноҳияи зикршуда фаъолият менамоянд.

Эзоҳ: Ба кӯдакони ҳамроҳи иштирокчиён омада (на зиёда аз 1 нафар) дар ин рӯз хизматрасонии ҳамаи чархо-фалакҳои кӯдакона ройгон мебошад.

16 октябри

 соли 2014

аз соати 17:30

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино,

Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»,

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе,

 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе

Хайруллоев Н.

Қурбонова Р.А.

Шарипова Г.Х.

                                       

М.УБАЙДУЛЛОЕВ