Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 October 2014

13 октябри соли 2014 дар доираи татбиқи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили сазовори ҷашни 90-уми солгарди мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе, ки 11 октябри соли равон тариқи роҳандозии маъракаи ободонии дастаҷамъонаи ҳар як сокини шаҳр аз хонаву дар, ҳавливу кўча, шаҳраку маҳалла, гулгашту боғҳо таҳти шиори «Мо метавонем!» ва 12 октябр бо ташкилу фароҳам овардани муҳити идона дар сатҳи тамоми маҳаллаву шаҳракҳо оғоз гардид, мулоқоти ихтисосии Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо соҳибкорон – пешсафони раванди созандагию амалпаймойии барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин ҷаласаи тантанавӣ дар симати ҳар кадоме аз иштирокдорон  тамоми соҳибкорони шаҳрро барои саҳми арзандаашон дар пешрафту шукуфоӣ ва ғановати буҷети шаҳру ташкили ҷойҳои нави корӣ аз номи Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе  изҳори сипос намуда, даъват ба миён овард, ки минбаъд низ потенсиали бунёдкораашонро баҳри ободонии пойтахт раҳнамун созанд.

Аз ҷумла зикр намуд, ки даромади умумии буҷети шаҳри Душанбе сол то сол зиёд гардида истодааст. Воридоти контингенти умумии даромадҳо ба буҷет аз рўи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) аз шаҳри Душанбе дар соли 1997 13,1 млн. сомонӣ соли 2000-ум 37,8 млн. сомонӣ, соли 2004-ум 112,0 млн. сомонӣ ва соли 2013-ум ба 1485,2 млн. сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба соли 1997-ум 113,4 маротиба, соли 2000-ум 39,3 маротиба ва соли 2004-ум 13,3 маротиба зиёд мебошад.

Танҳо дар соли 2013 ба буҷети ҷумҳуриявӣ 650,7 млн. сомонӣ  ворид шудааст, ки баробари 33,5 фоизи буҷети солона буда, саҳми соҳибкорони  пойтахт  мебошад.

Агар дар соли 1997 вазни қиёсии воридоти буҷети шаҳри Душанбе дар даромади умумии буҷети давлатӣ 15,6 фоизро ташкил дода бошад, пас дар соли 2013 ин нишондиҳанда ба 33,4 фоиз расонида шудааст, ки дар мачмўъ баробари буҷетҳои се вилояти ҷумҳурӣ мебошад. Ҳол он ки шахсони ҳуқуқии дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифташуда 21,8 фоизи шумораи умумии корхонаҳои ҷумҳурӣ ва  соҳибкорони инфиродӣ 25 фоизро ташкил медиҳанд. Ҳиссаи маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ дар ҳаҷми умумии Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар шаҳри Душанбе 21,4 фоизро  ташкил дод.

Идома бар он, бо қаноатмандӣ зикр сохт, ки таҳкими имкониятҳои буҷети давлатӣ, рушди иқтисодӣ  миллӣ, некўаҳволӣ ва зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд ба рушду фаъолияти соҳибкорӣ зич алоқамандӣ дорад. Аз ин рў, маҳз то ба ҳадди камтарин расонидани монеаҳои садди роҳи рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷустуҷў ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе боиси афзоиши воридоти андозҳо аз ҳисоби бахши хусусӣ дар пойтахт гардида, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ин нишондод ба 80,2 фоиз расидааст.

Тамоюли  рушд ва раванди дастгирии давлатии соҳибкорӣ  аз нимаи дуюми солҳои 90-ум, бахусус аз соли 1997 инҷониб дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рў ба афзоиш ниҳода, имконият ва шароити мусоид бобати рушди соҳибкорӣ фароҳам гардид.

     Ҷиҳати қадрдонӣ намудани меҳнати соҳибкорони шаҳр, ки дар ободонии он ҳиссаи назарраси худро мегузоранд, аз  соли 2006 инҷониб ҳамасола озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин озмун зиёда аз 7100 соҳибкорон ширкат варзида, ба 108 нафари онҳо муяссар гардид, ки сазовори унвони «Соҳибкори беҳтарини пойтахт» гарданд.

Дар фарҷоми мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев дархосту муроҷиатҳои соҳибкоронро ба риштаи таҳлил кашида, бо баррасии ҳар кадоме, аз аҳли ҳузор даъват ба миён овард, ки дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва роҳандозии фаъолияти эҳсонкорӣ оид ба дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа беш аз ҳарвақта соҳибташаббус бошанд.