Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 October 2014

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли

мансабҳои холии маъмурии хизмати  давлатӣ  

дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 2 Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 659  аз  20 майи соли 2009 тасдиқ шудааст,

          

                                                      ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1.Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин дар

а) дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе:

  

·        ёрдамчии Раиси шаҳри Душанбе;        

·        мудири  шуъбаи саноат ва энергетика;

·        сармутахассиси шуъбаи кадрҳо;

·        сармутахассиси  шуъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        сармутахассиси  шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ;

·        сармутахассиси шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        сармутахассиси шуъбаи коммуналию муҳандисӣ;

·        мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ;

·        мутахассиси  шуъбаи сохтмон ва ободонӣ;

 

б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар шаҳри Душанбе:

·        муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

·        мудири шуъба оид ба корҳои дин;

·        мудири шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

·        сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кўдак;

·        мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оила;

·        мутахассиси  пешбари шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; 

·        мутахассиси  шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;                                     

 

        аз 6   октябр   то 10 ноябри  соли 2014 озмун бо ҷамъбасти он,  на дертар  аз  13 ноябри  соли 2014,  эълон карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ таъмин намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ