Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 June 2010

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТӣДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо мақсади ба талаботи муосири меъморӣ мувофиқ намудани ороиши дохилии(интерери) ошиёнаҳои 1-20-и иншооти «Душанбе-Плаза» аз рӯи таъиноту рангҳои мувофиқ,

 

Тибқи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 337 аз 11 июни соли 2010 «Дар бораи озмуни кушод  оид ба интихоби беҳтарин лоиҳаи оромши дохилии (интерери) ошиёнаҳои 1-20-и иншооти «Душанбе-Плаза»» ба

 

озмун даъват менамояд

 

ШАРТҲОИ ОЗМУН

ва номуӯйи ҳуҷҷатҳои аз тарафи довталабон пешниҳодшаванда

 

1. Лоиҳаи ороиши дохилии (интерери) ошёнаҳои 1-20-и иншооти «Душанбе Плаза» аз рӯйи таъиноту рангҳои мувофиқ (ба ғайр аз рекреатсия, утоқи муҳофизат аз сӯхтор, ҷойи ба лифт даромадан, қисмати танзимкунӣ (диспетчерӣ), ҷойи борборкунӣ ба лифт), мувофиқи нақшаи пешниҳодгардида дар албоми ҳаҷмаш на кам аз формати А3;

 

2. Мактуби ёддошт на зиёда аз чор саҳифа (2 нусха) бо зикри мақсаднок будани истифодаи таҷҳизоту мебелҳо аз рӯйи таъинот вобаста ба функсияи қисмати алоҳидаи ошёна, инчунин интихоби маводҳои ороишӣ ва рангҳои онҳо вобаста ба табъу завқи одамон дар қисмати мазкур;

 

3. Дар мактуби сарпӯшида (лифофаи 2) бояд маълумоти зерин дар бораи муаллиф ё гурӯҳи муаллифон бо номи девиз бошад;  

                   - фамилия, ном ва номи падар;

                   - суроға ва телефон;

 

4. Агар ангораҳо аз ҷониби як гурӯҳ таҳия шуда бошанд,иловатан бо номи рамзӣ бояд варақи алоҳида бо имзои муаллифон бо нишон додани ҳиссаи ҳар кадоми онҳо ва дигар маълумотҳое, ки муаллиф зарур мешуморад, бошад.

 

5. Дар мавриди таҳияи ҳуҷҷатҳои озмун аз графикаи компютерӣ истифода намудан мумкин аст;

 

6. Ангораҳои ба озмун бо вайрон кардани шартҳои мазкур пешниҳодшуда баррасӣ карда намешавад;

 

7. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд дар дохили лифофа, ки дар тарафи чапи он номи рамзӣ сабт шудааст, бошанд (баландии навиштаҷот 10мм-ро ташкил диҳад);

 

8. Пешниҳоди ангораҳо ва мактуби ёддошт дар лифофаи 1 (асосӣ) ва лифофаи дуюм якҷоя маҳкам карда шуда, дар рӯи он номи девиз ва навиштаҷоти «Барои озмун» дарҷ карда шавад;

 

9. Лифофаи дуюм, ки маълумотҳо дар бораи муаллифон маҳфуз аст, бояд пас аз муайян намудани девизи қобили қабул ҳамчун ғолиби озмун кушода шуда, муаллифи пешниҳоди ғолиб ошкор карда шавад;

 

10. Озмуни кушод дар як давра гузаронида шуда, махфӣ нигоҳ доштани рӯйхати довталабон кафолат дода мешавад;

 

11. Пешниҳодҳо то 17 июли соли 2010 бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев-24, Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ирсол карда шаванд;

 

12. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар китоби алоҳида бо санаи дохил шудани он ба қайд гирифта мешаванд;

 

13. Ҳуҷҷатҳое, ки баъди санаи мазкур пешниҳод мешаванд,мавриди қабул ва баррасӣ қарор намегиранд;

 

14. Муҳокима ва таҳлили пешниҳодҳо таври озод сурат гирифта,раванди ҷаласа ва қарори комиссия дар протокол сабт мегардад;

 

15. Довталабе ғолиби озмун эътироф мегардад, ки агар пешниҳодоти он ба шартҳои озмун пурра ҷавобгӯй буда, бо навоварӣ ва ҳалли беҳтарини масоили зебонигорӣ фарқият дошта бошад;  

 

16. Комиссия ғолиби озмунро дар асоси овоздиҳии кушод на дертар аз 21 июли соли 2010 муайян менамояд.

 

Барои таммос:

 

Тел.:          +992 372 21 14 45

Факс.:        +992 372 210835

Мобили:

+992 919 176 281

+992 905 057 722

+992 905 050 171

 

 

Нақшаҳои ошиёнаҳо аз 1 то 20 (!зер намоед)