Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 October 2014

СУХАНРОНИИ

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев

дар расми ифтитоҳи ҷаласаи тантанавии ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе 

 

Макон : Театри давлатии академии  опера

                ва балети ба номи С.Айнӣ

 

18 октябри соли 2014                            соати 10.00

 

Ҷаноби олӣ,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Меҳмонони гиромиқадр!

Сокинони шарафманди пойтахт!

Хонумҳо ва ҷанобон!

 

Бо арзи сипос,  ташрифи мубораки

Шумо дӯстону меҳмонони  олиқадрро    дар ин  лаҳзаҳо ва айёми нотакрор ба шарафи  ҷашни  90-умин  солгарди  мақоми    пойтахтро доро гардидани шаҳри дилороямон Душанбе - Меҳвари ваҳдат ва Ташаббусҳои созандаю масъулияти баланди шаҳрвандӣ, Поягузору  Истеҳкомбахши   фарҳанги  СУЛҲ, ба ин толори  зебову  муҳташам, ки бо иқдоми бевоситаи Президенти  мамлакатамон воқеан ба худ  симои   муҷалло  касб  намудааст,  бо камоли эҳтиром  шодбош мегӯем!   

  Ба истиқболи ин санаи фархунда аҳли шарафманди ҷамоатчигии  шаҳрамон бо дарки масъулияту ифтихормандӣ баҳри амалисозии Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 22 декабри соли 2011, ки  бобати  омодагиҳо  ба  ин  ҷашнвора  аз  25 марти соли  2012  то 1 октябри  соли  2014  «30  моҳи  ободонӣ  ва ташаббусҳои арзанда» эълон гардида буд, дастовардҳои   меҳнатиро  дар муддати  900 рӯз  аз ҳисоби  ҳамаи  сарчашмаҳо беш  аз 4,8  миллиард  сомонӣ маблағҳоро аз худ намуда, фондҳои асосиро ба маблағи  2,8 миллиард сомонӣ, ки  иборат аз 247 иншооти гуногунтаъинот мебошад, барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи сокинон, бо таъсиси беш аз 74287 ҷойи нави корӣ, армуғон намуданд.  

Иқтидорҳои истеҳсолию тиҷоратиро  барои рушди соҳибкорӣ таҳким бахшида, саҳми молиявии шаҳрамонро дар қисмати буҷети маҳаллии ҷумҳурӣ ба маротиб афзун намудем.

Қобили зикр мебошад, ки агар дар соли  2004  буҷети  шаҳрамон, даҳ сол пеш   ҳамагӣ 48,8  миллион  сомониро ташкил медод, ин  нишондод  дар  соли  равон  ба беш аз 1,2 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбати соли зикршуда 24,5 маротиба зиёд мебошад. 

Аз номи роҳбарияти мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи шаҳрамон аз самими  қалб, ба ҳар яки онҳое, ки дар ин раванд  бетараф  набуда, бо камтарин ҳисса ҳам саҳм гузоштаанд, эҳтиром ва сипоси беназир аз номи ҳамагон арз медорем.

Ҳозирини арҷманд!

Тавре воқеият башорат медиҳад,  пойтахтмон чун  макони тавлид  ва тавсеаву  таҳкимбахши Ҳаракати ваҳдати  миллӣ  ва  эҳёи  Тоҷикистон  дар ҷараён бахшидани  арзишҳои демократӣ,  гуфтугӯи  неруҳои  сиёсӣ  ва ҳамкории онҳо, хидмати арзанда кардааст ва итминон дорем, ки  дар оянда низ  барои амалӣ шудани ҳадафҳои  олии  зикрёфта, намунаи ибрат хоҳад буд.

Бо амнияти хеш  соли 2012 аз рӯи ҷавобгӯ будан ба талаботи ҷории интихоби ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, яъне  мавҷудияти    уҳдадории  баланд  аз  ҷониби  мақомоти маҳаллӣ,  ниҳоди  намояндагии  маҳаллӣ, ҷой доштани  воқеияти  зарфиятҳои  ҳамкорӣ ва таваҷҷуҳи хосса дар шаффофияти фаъолият,  дар радифи  ҳафт шаҳрҳои бузурги Сайёраамон ба макони татбиқи Иқдомоти Глобалии ин волотарин созмони байналмилалӣ дар бахши «Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон»  оид ба Барномаи тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон дар партави рушди устувори шаҳрҳо интихоб гардид, ки албатта боиси ифтихормандист.

Аз лиҳози сармоягузорӣ низ пойтахти  Ватанамон  имрӯз  басе   ҷолиб ва боэътимод мебошад. Дар натиҷа сармоягузорони мухталифи ватанию хориҷӣ дар сохтмони манзил ва дигар самтҳои  гуногун  барномаҳои  тиҷоратии худро пайваста татбиқ менамоянд.

Яке  аз  василаҳои комёб гардидан ба ин дастовардҳо ташкили низоми шаффофи фаъолияти шаҳрдорӣ ва фароҳам овардани шароити васеи дастрасии шаҳрвандон ба мақомоти давлатии маҳаллӣ бо истифода аз имконоти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир ба шумор меравад, ки минбаъд низ ин раванд  тавсеа хоҳад ёфт.

Қобили зикр мебошад, ки фаъолияти шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ сокинонро ба бедорию огоҳии  ватанхоҳона  ба  ҳам  меоварад ва беш аз ҳарвақт водор менамояд, ки ҳамагон новобаста ба мавқеи сиёсӣ, мансубияти  иҷтимоӣ  ва мансабу мақом баҳри  дурахши  бегазанди он тавассути меҳнати  аҳлонаи  ҳамарӯза, ору номуси баланди  ватандорӣ, ки  воқеан  ҷавобгӯи ниёзҳои  ҷомеаамон  мебошад, ҳиссагузор бошем.

Дӯстони азиз!

Тавре  ҳамагон хуб огаҳӣ доранд, дар тӯли  асрҳо,  халқи мо бо муттаҳидии худ шаҳрҳо бунёд карда, рӯзгору  фарҳанг,  санъати  шаҳрофарӣ  ва одоби шаҳрнишиниро дар радифи рустоҳои обод чун ҷавҳари ҳастӣ ҳифз намуда, тавсеа мебахшад. Ин рисолат имрӯз насиби Шумову мо  ва  мову Шумо гардидааст ва тақозои вақту  имонист, ки  ҳар кадоме аз мо дар ибратбахш  ва  пойдор  намудани асолати аҷдодӣ нақши бориз дошта бошем.

Таҷрибаву бардоштҳо, шодиву ғамшарикӣ бо сокинон ва ҳамеша дар ҷараёни  рӯзгори  шаҳру шаҳриён қарор доштан, собит месозад, ки танҳо бо ифтихормандӣ  аз  сокини  шаҳр  будан бе  риояи   тавозуни   масъулиятшиносӣ   ва зиндагии қонунсолорӣ пешрафти шаҳрамон имконнопазир аст.

Ҳозирини гиромӣ!

Пойтахти маҳбуби мо  имрӯзҳо 90-сола мешавад. Навад сол барои таърих муддати тӯлоние нест,  аммо инсонҳое, ки қимати  фосилаи кӯтоҳи вақтро шинохтаанд, метавонанд бо нерӯ ва фаъолиятҳои бунёдкоронаи худ барои таърих онро пурбору пурарзиш ва моҳиятан пураҳамияту сарнавиштсоз намоянд, ки воқеан ҳам бартар аз садсолаҳо дониста шаванд.

Насле, ки ба мо шаҳрамонро ҳамчун пойтахти кишвари азизамон ба мерос гузоштанд, маҳз ҳамон гуна инсонҳое буданд,  ки  арзиши  ҳар рӯзи вақтро дарк намуда, онро бо азму талошҳои муттасил барои бунёдкорӣ истифода карданд ва алҳол аз номи ҳамагон ба гузаштагон миннатдории хешро иброз медорем. 

 Ҳоло ба мо ҳам, ки дар тӯли як муддати  муайяни вақт  имкони созандагӣ насиб  шудааст, моҳияти вақтро  ҳар қадар  бояд хубтар шиносем, зеро танҳо ба ин васила ба қадри он расида, рисолати худро дар назди пойтахти  маҳбуб ва сокинони шарифи он барои боз ҳам ғаниву сарбаланд, сарсабзу  шукуфо  ва ободу озода сохтани он ба ҷо оварда метавонем.

Дар ин масир мо, хушбахтона, ҳидоятҳо ва дастгирии ҳамешагии хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро дорем, ки барои аз худ  ба  ворисонамон  ёдгор  гузоштани як пойтахти замонавии сазовори ҳазораи саввум тамоми имконотро фароҳам овардааст ва  месазад, ки фаъолияти хастанопазиру созандаи Сарвари давлатамонро чун намунаи беназири  меҳанпарастии  асил, ки  барои наслҳои муосир ва ояндаи диёри арҷмандамон ҷовидона ибратбахшу арзишманд  хоҳад  монд,  раҳнамои имрӯз ва фардои хеш қарор диҳем. 

Имрӯз,  дар  расми  таҷлили 90-умин солгарди  пойтахт, ки  дастовардҳоямон самари заҳмати аҳлонаи сокинон ва ҳамаи андозсупорандагони шаҳр мебошад,  бо  боварӣ  аз ояндаи пурфайзу дурахшони он, умед бар он мебандем, ки дар рафъи  нуқсонҳои алоҳидаи шаҳрамон, ки воқеан ба талаботи шаҳрдорӣ ва ҳар як сокини шаҳрдӯст ҷавобгӯ  нест, бо тавону нерӯи тоза фаъолияти минбаъдаамонро тақвият мебахшем.

Ҷашни 90-солагии ба мақоми пойтахт  сазовор  гардидани шаҳра-монро бароятон масрурона шодбош  гуфта,  аз  даргоҳи Худованди мутаол саодатмандӣ,  фараҳмандӣ,  шукуҳмандӣ  ва  осудагии  ҳамешагиро таманно менамоем ва аз Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли эҳтиром хоҳиш  менамоем, ки ҷашни тантанавии  Душанбеи дилороямонро ҳусни оғоз бахшанд.

Марҳамат Ҷаноби Олӣ!